ТАШРИФИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ БАЪЗЕ МАМЛАКАТҲО БА ДУШАНБЕ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 19 июл вазирони корҳои хориҷии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло ибни Зайд Алнаҳаён, давлати ҳошимии Урдун Носир Ҷода, мамлакати ҳошимии Баҳрайн Шайх Халид бини Аҳмад бинни Муҳаммад Алхалид, Ҷумҳурии Араби Миср Аҳмад Абдулғайд ва Давлати Бузурги Герсогии Люксембург Жан Асселборн барои боздиди кӯтоҳмуддат ба Душанбе ташриф оварданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо меҳмонон мулоқотҳо анҷом дод. Зимни ин мулоқотҳо роҷеъ ба конфронси байналмилалии Кобул, вазъияти Афғонистон ва минтақа, инчунин ҳамкории Тоҷикистон бо мамлакатҳои зикршуда табодули назар карда шуд. Вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои мазкур 20 июл барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ ба пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул рафтанд. Дар конфронси байналмилалӣ проблемаҳои имрӯзаи Афғонистон муҳокима карда мешаванд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






