ТОҶИКИСТОН БА ИТТИФОҚИ ГУМРУКҲО ДОХИЛ МЕШАВАД Ё НЕ
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар нишасти матбуотӣ ширкат варзид. Вай изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон имконияти дохил гардидани мамлакат ба Иттифоқи гумрукҳо ба таври ҷиддӣ омӯхта мешавад. Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева низ иштирок дошт. Вай зикр намуд, ки Қирғизистон узви созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад. Бо вуҷуди ин барои омӯзиши масъалаи дохил гардидани мамлакат ба Иттифоқи гумрукҳо комиссияи корӣ таъсис дода шуд. Мо дар ин бобат пеш аз ҳама манфиатҳои мамлакатамонро ба инобат мегирем, гуфт Роза Отунбоева.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






