«ТОҶИКСТАНДАРТ» ДАР ИСТИРОҲАТГОҲҲО НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ МЕГУЗАРОНАД
Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо фармони директори Агентии «Тоҷикстандарт» лагерҳои истироҳатие, ки дар минтақаҳои Варзобу Ромит ва Алмосӣ воқеъ гардидаанд, аз назорати давлатӣ гузаронида мешаванд. Аз маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади беҳтар сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва ба меъёрҳо ҷавобгӯ будани шароити истироҳаткунандагон, бахусус таъмини бехатарии хӯроквории онҳо андешида шудааст. Зимни гузаронидани назорати давлатӣ дар лагери истироҳатии «Алмосӣ» воқеъ дар ноҳияи Ҳисор, аён шуд, ки дар ин ҷо тамоми хизматрасонӣ ба истироҳаткунандагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» зимни гузаронидани назорати давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро низ ташкил менамоянд. Зимни гузаронидани назоратии давлатӣ агар ягон проблема ва норасоӣ ба қайд гирифта шавад, амрияи ислоҳотӣ тартиб дода мешавад. Дар сурати ислоҳ нагардидани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини лагерҳои истироҳатӣ ҷарима ситонида мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






