ТОҶИКСУҒУРТА БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ КӮЛОБ 12 ХОНА МЕСОЗАД

Июль 21, 2010 10:22

 Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Кормандони Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» дар 6-моҳи соли равон барои иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 -уми апрели соли 2010 баён гардидаанд, тадбирҳои мушаххас андешида, корҳои зиёдро ба сомон расониданд.  «Воридоти маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ дар шаш моҳи аввали соли равон нисбати нақшаи пешбинишуда 122,4 фоиз иҷро шуд. Аз пардохтҳои ворид гардида 14 миллиону 700 ҳазор сомониаш ба намудҳои ҳатмӣ  ва 5 миллиону 947 ҳазор сомониаш ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб мебошад», иброз дошт ба мухбири АМИТ «Ховар» директори  генералии  Ширкати давлатии  суғуртаи  Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Аловуддин  Сатторов. Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, воридоти маблағҳои суғуртавӣ дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли 2009 24,6 фоиз зиёд буда, ба дӯши «Тоҷиксуғурта» дар миёни 19  адад ширкатҳои суғуртаи амалкунандаи бозори суғуртаи кишвар 42 фоизи воридоти ҳаққи суғуртавӣ рост меояд. Аз 8 миллиону 540 ҳазоре, ки дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ба зарардидагон талофии суғуртавӣ ҳақгузорӣ карда шудааст,  5 миллиону 650 ҳазор сомонӣ ё 66,2 фоизашро ШДСТ «Тоҷиксуғурта» пардохт намудааст,  ки ин  нишондоди  баландтарин  аст. Мавриди зикр аст, ки дар муқоиса нисбат ба нимсолаи аввали соли 2009 оид ба ҳамаи намудҳои суғурта ҳамагӣ 1 миллиону 688 ҳазор сомонӣ ё 42,6 фоиз бештар ба зарардидагон маблағ ҳақгузорӣ карда шудааст. Дар ин давра нисбат ба шашмоҳаи аввали соли пешин ба буҷети давлат даромад аз пасандозҳои бонкӣ 28,1 фоиз, маблағи фонди оинномавии Ширкат 37,3 фоиз, маблағи захираҳои суғуртавӣ 27,5 фоиз ва масъулияти ба ӯҳда гирифтаи Ширкат дар назди суғурташудагон ба 31,7 фоиз афзуд, ҳамчунин Ширкат фаъолияти худро дар нимсола ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ бо фоида ҷамъбаст намуд,  ки ин нишондиҳандаҳои  мусбӣ аз пешравиҳои кор ва хизматрасонии хуби суғуртавӣ дарак медиҳанд.      Дар  натиҷаи рух додани ҳодисаи табиии заминларза аз 2 январи соли 2010 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба 763 шахси воқеӣ ва 14 шахси ҳуқуқӣ, ки бо шӯъбаи давлатии суғуртаи ноҳия шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ доштанд, ба андозаи 251 ҳазору 900 сомонӣ барои зиёни ба молу амволашон расида ҳақгузорӣ карда шуданд. Ба суғурташавандагони  офатҳои табиии рӯзҳои 6-7 майи соли равон, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рух дода буд,  ва таҳти суғуртаи ихтиёри қарор доштанд 493 ҳазору 800 сомонӣ ҳамчун талофии суғуртавӣ ҳақгузорӣ карда шуд. Ба суғурташавандагони аз офатҳои табиии дар моҳи май рух додаи минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон 328 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд 60,5 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 130,5 ҳазор сомонӣ талофии суғуртавӣ ҳақгузори карда шуд. Инчунин,  ширкату  шӯъбаҳои давлатии суғурта ба андозаи 79,4 ҳазор сомонӣ  ба  зарардидагон  кӯмакҳои молиявӣ расонидаанд. Ҳоло сохтмони 12 хонаи истиқоматӣ барои шахсони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ки ба маблағи 1 миллиону 730 ҳазору 400 сомонӣ  сохта мешавад идома дорад. Инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи рух додани садамаи фоҷиаовари техникӣ, ки санаи 14.06.2010 сол дар ноҳияи Айнӣ сар зад, ба фавтидагон ва мардуме, ки ба молу амволашон зарару зиён расида буд, ба андозааи 41 ҳазор сомонӣ ҳақгузорӣ карда шуд. Ҳамин тариқ, дар ин давом ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, камбизоатон, шахсони барҷомонда, бепарастор ва эҳтиёҷманд ба андозаи 1 миллиону 883 ҳазору 800 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд. Баҳри саҳм гузоштан дар ободонии мамлакат ва беҳтар намудани шароити корӣ дар ноҳияҳои Қумсангир ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияи Нуробод ва шаҳри Турсунзода биноҳои нави маъмурӣ сохта шуда истодаанд, ки дар пешрафти фаъолияти суғурта дар ноҳияҳои номбурда мусоидат хоҳад намуд. Ба хотири рушди суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ шӯъбаи нави суғурта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд кушода шуд. Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Ширкат дар нимсолаи аввал ва   нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори умум бо натиҷагирии хуб анҷом пазируфт.                  

Июль 21, 2010 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд