ТОВОНИ ЗАРАРИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ РӮЁНИДА ШУД
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, судҳо аз рӯи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи амвол ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи амволи давлатӣ ва зарари аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, даъвоҳои прокурорҳо ва навиштаҷоти иҷрои мақомоти гуногуни давлатӣ ба маблағи умумии 9 млн. 293 ҳазору 794 сомонӣ бо асъори миллӣ, 800 ҳазор бо доллари амрикоӣ ва 16 ҳазору 600 рубли русӣ рӯёнидаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамчунин 830 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор, ки ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои судӣ 1181 таъиноти хусусӣ бароварда шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






