УБАЙДУЛЛОЕВ БА ШВЕЙТСАРИЯ РАФТ
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллов ҷиҳати иштирок дар саввумин конфронси ҷаҳонии раисони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ба Швейтсария рафт. Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов, конфронси мазкур тӯли се рӯз- аз 19 то 21 июли соли 2010 дар шаҳри Женева баргузор мегардад. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҳамоиш дар мавзӯи «Парлумонҳо дар давраи бӯҳрони ҷаҳонӣ: таъмини ҳисоботи ҷаҳонии демократӣ ба манфиати ҳамагон» маърӯза менамояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






