УСУЛИ НАВИ БОҒУ ТОКПАРВАРИ
Шӯрообод, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо максади амали гардонидани барномаи давлатии «тараққиёти минбаъдаи сохаи богу токпарварӣ» дар нохияи Шурообод корхои назаррас ба сомон расонида шуда, давоми соли чорӣ дар майдони 251 гектар боғи нав бунёд гардидааст. Дар бунёди богхо кишоварзон бештар аз заминхои лалми ва бекорхобида истифода мебаранд. Вале нарасидани об дар минтакахои чануби нохия ба кори дехконон дар самти бунёди бог ва зироаткори мушкили пеш овардааст. Аз ин рӯ, дар нохияи мазкур райёсати кишоварзи зери Барномаи Чонибдории Инкишофи Ичтимоии Манотики Кухистон дар бунёди богхо усулхои навро рохандозӣ менамояд. Cокини дехаи Чилгаи ҷамоати деҳоти Саричашмаи нохияи Шурообод Дустмурод Дилнавозов имсол бо усули катраги дар майдони якуним гектар бог бунёд кардааст, ки дар боғи навбунёди ӯ нихолхои себу зардолу ноку шафтолу, ки ба шароити иклими минтака мусоид аст парвариш меёбанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки зери лоихаи мазкур Барномаи Чонибдории Инкишофи Ичтимоии Манотики Кухистон дар нохияхои Шурообод, Муъминобод ва Ховалинг бог бунёд карда шудааст, ки нашъунамо ва хосилнокии дарахтон нисбат ба дарахтони богхои каблӣ бехтар аст. Инчунин Бобохон Назаров бо ин усул хануз се сол пеш дар майдони ду гектар бог бунёд намуда буд ва аллакай нихолхои парваришкардааш хосил бастанд. Дар баробари ин миёни нихолхо сабзавоткори мекунад, ки аз он хам фоидаи зиёд ба даст овардааст. Ба гуфти мутахассисон истифодаи усули катраги хеле одди ва дастрас буда хар як кишоварз метавонад онро мустакилона амали намояд. Омузиш ва чори намудани ин усул харочоти зиёдатиро талаб намекунад ва дар холи самаранок истифода намудани обу замин хосили дилхох ба даст овардан имконпазир мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






