ВАКИЛОН БОЯД ХУЛОСАИ ЗАРУРӢ БАРОРАНД

Июль 2, 2010 14:27

Душанбе,2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова)- «Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат аз ҳамкорӣ бо васоити ахбори оммаи /ВАО/ ҷумҳурӣ қаноатманд ҳаст», иброз дошт дар сӯҳбат бо хабарнигорон раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон  Ҷумъабой Сангинов. Ҷ. Сангинов нақши ВАО –ро дар шарҳи қонуну қарорҳое, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул шудаанд, муассир арзёбӣ кард.     Вай афзуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон  хостори ҳар чӣ бештари ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО мебошанд. Ҷ. Сангинов нисбати баъзе матолибе, ки дар бархе аз нашрияҳои кишвар дар мавриди дастнорас будани  вакилони Маҷлиси намояндгон ва фаъолияти парлумони мамлакат  чоп шудаанд,  изҳори нигаронӣ карда, гуфт ки мавқеи парлумони кишвар оиди дастрасӣ ва фаъолияти ошкоро бо ВАО нигаронида шудааст. Раиси  фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон афзуд, ки баъзе вокунишҳое, ки дар  нашрияҳо чоп гаштаанд,  боиси нигаронии вакилони парлумон гаштааст ва бояд вакилони парлумони кишвар аз он матолиби нашршуда, хулосаи зарурӣ бароранд. Ҷ. Сангинов таъкид кард, ки  бояд тамоми вакилони парлумон новобаста аз фраксияҳояшон бо рӯзноманигорон робитаи қавӣ дошта бошанд. Зеро самаранокии фаъоляти парлумони кишвар  аз ҳамкории зич бо ВАО вобастагӣ дорад.  

Июль 2, 2010 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд