ЯПОНИЯ БАРОИ ТОҶИКИСТОН МУТАХАССИСОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ТАЙЁР МЕКУНАД
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нимаи аввали моҳи августи соли 2010-ум 5 нафар мутахассиси тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония ба ин кишвар сафар мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи таҳлилию иттилоотӣ ва ташкилии хизмати давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Пирназаров иттилоъ дод. Таҳсили мутахассисони тоҷик дар Япония дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади тайёр кардани хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония ҷараён мегирад. Иброҳим Пирназаров афзуд, ки барномаи мазкур аз соли 2008 оғоз ёфта то соли 2012 идома меёбад. Тибқи он ҳар сол 5 нафарӣ мутахассисони ботаҷрибаи Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баъди гузаштан аз санҷиш ба Япония ба таҳсил фиристонида мешаванд. Онҳо муддати 2 сол ба ҳайси магистр дар Донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар бахшҳои гуногун таҳсил менамоянд. Донистани забони англисӣ дар сатҳи баланд ва саводнокию ҷаҳонбинии васеъ яке аз шартҳои афзалиятноки барномаи мазкур буда, ҳадафи он омода кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ аст. 5 нафар мутахассисе, ки ба Япония фиристонида мешаванд, 3 нафараш аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва 2 нафари дигар аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






