ЗАБОНИ ФОРСӢ МАҚОМИ РАСМӢ МЕГИРАД?
Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Эрон талош ва иқдом дорад, ки забони форсӣ ҳамчун забони расмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ дар радифи забонҳои расмии дунё- англисӣ, русӣ, чиноӣ, арабӣ ва испанӣ аз сӯи Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ эътироф гардад». Ин матлабро 13 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба ҳабарнигорон Роҳбари дастгоҳи Президенти Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ зикр намуд. Мавсуф гуфт, забони форсӣ, ки яке аз забонҳои қадима ва дорои таърихи бой аст, имрӯз дар бархе аз кишварҳои минтақа ниёз ба ташаккул ва ҳимоят дорад. Роҳбари маъмурияти Президенти Эрон гуфт, ки дар масъалаи ҳифзи арзишҳои бузурги фарҳангии форсизабонон Ҳукумати Эрон тадбирҳои судмандро меандешад. Яке аз онҳо ҷаҳонӣ шудани Ҷашни бостонии форсизабонон — Наврӯз аст, ки аз сӯи СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Бояд зикр кард, ки забони форсӣ, ки забони мардумони ориёинажод маҳсуб мешавад, дар қаламрави кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бо лаҳҷаҳои хоси мардумони он истифода мешавад. Дар маҷмӯъ бо забони ноби форсӣ беш аз 100 миллион аҳолии ҷаҳон гуфтугӯ менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






