ЗИЁДА АЗ 3 КГ ГЕРОИН ДАРЁФТ ШУД
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 9 июли соли равон ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ шаҳрванди Ҷумҳурии Украина, Удохитнак Аканимо, соли таваллудаш 1978, дастгир карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар корхонаи ҶДММ «Бунёд», воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои пойтахт, ки ба Удохитнак Аканимо тааллуқ дорад, аз дохили дарпушҳои боло ва поёни яхдон, маводи сахттаъсири героин, вазнаш 3 кг 646 гр, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






