11 ҚУРБОНИИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ЯК ҲАФТА
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 25 июл то 1 августи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 34 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 11 нафар ба ҳалокат расида, 59 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 26 июли соли 2010 ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-2705» Ҳусайн Маҳмудов ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Мӯъминобод ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Шар-Шари ҷамоати Зирак аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба чуқурии 10 метра чаппа мешавад. Дар натиҷа 4 нафар мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, 9 нафар мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд ва ба беморхона равон карда мешаванд. Инчунин, 27 июл ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Акбар Исмоилов ҳангоми ҳаракат дар 42 км роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Дайво-Сиело», ки таҳти идораи ронанда Абдусалом Очилдиев қарор дошт, бармехурад. Дар натиҷаи ин садама А. Очилдиев ва мусофири автомашинаи ӯ Ҳодӣ Мирзоев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафар мусофирони дигари автомашинаи «Дайво-Сиело» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Дар шаҳри Душанбе бошад, 29 июл ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Нусратулло Бурҳонов ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Сино пиёдагард Ибодат Муродова, соли таваллудаш 1970-ро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад. Ҳамчунин, 1 августи соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро» Муродалӣ Лоиқов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба чуқурии 57 метра чаппа мешавад, ки дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок гардида, 3 нафар мусофирони дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд ва ба беморхона равон карда мешаванд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






