ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛА МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАД

Август 31, 2010 16:57

   Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ ҳамагӣ 333 ҳазору 100 гектар буда, то санаи 30.08.10 майдони 280675 (84,3% ) гектари он дарав шудааст. Аз ин миқдор замини дарав шуда, 274581 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13072 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни ҳол 599792 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаригардида 51176 тонна кам гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 21,8 сентнериро ташкил медиҳад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав дар ин мавсим ҳамагӣ 950 адад буда, 207 адади он машғули дарави ғалла мебошанд.    Дар вилояти Суғд майдони кишти ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо ҳамагӣ 111 ҳазору 402 гектар буда, то имрӯз майдони 82642 (73,3%) гектари он дарав ва кӯфта шудааст. Ҳосили умумӣ 138417 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба 17,0 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 489 адад буда, аз он 57 ададаш машғули дарави ғалла мебошад. Майдони кишти ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ дар вилояти Хатлон 151696 гектар мебошад ва айни ҳол майдони 144691 (95,4%) гектар дарав ва 143596 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосили умумӣ 365682 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18215 тонна камтар аст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 25,5 сентнер баробар мебошад.    Дар НТҶ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лӯбиёгӣ 63662 гектар буда, аз он 52476 (82,4%) гектараш дарав ва 48167 гектари он кӯфта шудааст. Ҳосили умумӣ 93727 тонна мебошад ва ҳосилнокӣ аз як гектар ба 19,5 сентнерӣ рост меояд Дар ВМКБ майдони кишти ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 6340 гектар буда, алҳол 1875 (29,6%) гектар дарав ва 1176 гектараш кӯфта шудааст, ки ҳосили умумӣ 1966 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 16,7 сентнерӣ баробар мебошад.    Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ саривақт ва ҷамъоварии беталафи ҳосили ғалладона ва гандум муташаккилона идома дорад.  

Август 31, 2010 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд