ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛА
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ масоҳати ғаллазори мамлакат 333 ҳазору 100 гектар буда, то санаи 09.08.10 масоҳати 245799 (73,8% ) гектари он даравида шудааст. Аз ин ҷумла ғаллаи 232510 гектари он кўфта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15118 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни ҳол 532300 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли сипаригардида 28563 тонна кам аст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 22,9 сентнериро ташкил медиҳад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав дар ин мавсим ҳамагӣ 950 адад буда, 411 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Дар ҷумҳурӣ дар майдони 242274 гектар кишти гандум гузаронида шуда, то имрўз майдони 204754 (84,5%) гектар даравида шудаву, 192803 гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ айни замон 460082 тонна буда, нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 63678 тонна камтар гардидааст. Ҳосилнокӣ бошад аз як гектар 23,9 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо ҳамагӣ 111 ҳазору 402 гектар буда, то имрўз майдони 59096 (53,0%) гектари он дарав ва кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 104255 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар замин ба 17,6 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 489 адад буда, аз он 84 ададаш машғули дарави ғалла мебошад. Майдони кишти гандум бошад 50312 гектар буда, то имрўз майдони 32936 (65,5%) гектар дарав ва кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 60371 тонна ва ҳосилнокӣ аз як гектар ба 18,3 сентнер баробар мебошад. Майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгӣ дар вилояти Хатлон 151696 гектар буда, майдони 139524 (92,0%) гектари он даравида шуда, 133551 гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 346596 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2176 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 26,0 сентнер баробар мебошад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 239 адад буда, 188 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Майдони кишти гандум бошад дар вилоят 133060 гектар буда. то имрўз майдони 128450 (96,5%) гектари он дарав шуда, 123620 гектари он кўфта шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар бошад 26,2 сентнериро ташкил дихад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалла ва лўбиёгӣ 63662 гектар буда, аз он 46000 (72,3%) гектараш дарав шуда, 39204 гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 80480 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 20,5 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 221 адад буда, 138 адади он ба дарави ғалла равона карда шудааст. Дар ВМКБ низ кишоварзон ба дарави ғалла ва лўбиёгиҳо оғоз намуда, аз 6340 гектар алҳол 1179 (18,6%) гектар заминро даравида, ҳосилнокии хар як гектарро ба 14,8 сентнерӣ расонидаанд. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон






