ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО

Август 2, 2010 17:12

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо ҳамагӣ 333 ҳазору 100 гектар буда, то санаи 02.08.10 майдони 223890 (67,2% ) гектари он дарав шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Аз ин миқдор замини даравида шуда, 209934 гектари он кўфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  13331 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни ҳол 495362 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли сипаригардида 16965 тонна камтар аст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 23,6 сентнериро ташкил медиҳад. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав дар ин мавсим ҳамагӣ 949 адад буда,  496 адади он ба дарави ғалла равона карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ дар майдони 242274 гектар кишти гандум гузаронида шудааст ва то имрўз майдони 187899 (77,6%) гектар даравида шуда,  174238 гектари он кўфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10448 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумӣ айни замон 418157 тонна буда, нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 29582 тонна камтар аст. Ҳосилнокӣ бошад аз як гектар 24,0 сентнериро ташкил медиҳад.       Дар вилояти Суғд майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо ҳамагӣ 111 ҳазору 402 гектар буда, то имрўз майдони 52014 (46,7%) гектари он даравида ва кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 90496 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар замин ба 17,4 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 489 адад буда,  аз он 117 ададаш машғули дарави ғалла мебошад. Майдони кишти гандум бошад 50312 гектар буда, то имрўз майдони 29467 (58,6%) гектар дарав ва кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 53175 тонна буда, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 18 сентнер баробар мебошад.  Майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгӣ дар вилояти Хатлон 151696 гектар мебошад ва айни ҳол майдони 131760 (86,9%) гектар замин дарав ва  123674  гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 328819 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5133 тонна зиёд шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ба 22,2 сентнер баробар мебошад.Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 239 адад буда 212 адади он машғули дарави ғалла мебошанд. Майдони кишти гандум бошад дар вилоят 133060 гектар буда то имрўз майдони 122632 (92,2%) гектар замин даравида шуда, 114916 гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 308625 тонна буда нисбати соли гузашта 1173 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар бошад 26,9 сентнериро дар бар мегирад.   Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони киштшудаи ғалладонагӣ ва лўбиёгӣ 63662 гектар буда аз он 40116 (63,0%) гектараш дарав ва 34246 гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 76047 тонна мебошад ва ҳосилнокӣ аз як гектар ба 22,2 сентнерӣ рост меояд. Миқдори умумии комбайнҳои ғалладарав 221 адад буда, 167 адади он ба дарави ғалла равона карда шудааст. Майдони кишти гандум 54684 гектар мебошад, ки то имрўз 35800 (65,5%)  гектар  дарав шуда, 29855  гектари он кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 56357 тонна ва ҳосилнокӣ аз як га 18,9 сентнериро ташкил медиҳад.  Дар ВМКБ низ кишоварзон ба дарави ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо оғоз бахшиданд. Майдони кишти ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо 6340 гектар буда,  алҳол 1127 гектар даравида шуда, ҳосили умумӣ 941 тонна, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 14,7 сентнерӣ баробар мебошад. Майдони кишти гандум бошад, 4218 гектарро ташкил дода то имрўз майдони 275 гектар замин даравида шуда 255 гектари кўфта шудааст. Ҳосили умумӣ 377тонна ва ҳосилнокӣ ба 14,8 сентнерӣ баробар мебошад. Айни ҳол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ сари вақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ ва гандум муташаккилона идома дорад. 

Август 2, 2010 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст