АФЗОИШИ ТАВАҶҶӮҲИ ЭРОН БА СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН

Август 24, 2010 16:25

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони заминшиносӣ ва иктишофоти Вазорати саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон шартномаи ҳамкорӣ барои гузаронидани корҳои иктишофӣ ба имзо расид.             Аз Саридораи геология ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шартномаи мазкурро сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Азим Иброҳим ва сардори Созмони  заминшиносӣ ва иктишофоти Вазорати саноат ва маъдани ҶИЭ Муҳаммад Кураӣ имзо намуданд. Мавриди зикр аст, ки маблағи ҷудошуда барои корҳои иктишофӣ-геологӣ дар марҳилаи аввал зиёда аз 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 

Август 24, 2010 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд