БА ҒАРҚШАВИИ НОБОЛИҒОН КӢ ГУНАҲКОР АСТ ?
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ се нафари дар об ғарқшуда ба қайд гирифта шуд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи тафтиши кормандони вазорати номбурда шахсияти қурбоншудагон маълум гардид. Ду нафари ҳалокгардида Муҳаммадҷон Рустамови 2 сола ва Насимҷон Абдуллоеви 18 сола, истиқоматкунандагони вилояти Суғд буда, нафари сеюм ноболиғ Султонмуроди Саидислом зодаи вилояти Хатлон мебошад. «Ин ҳодисаҳо аз сабаби беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон рух дод» — қайд намуд манбаъ.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






