БАЗМГАҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ КУҶОСТ?
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе ба истиқболи таҷлили 19-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт таҳррезӣ шуд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар асоси қарор 9 сентябр аз соати 10 дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва сайругашти оммавӣ, барномаҳои фарҳангиву консертӣ, намоишҳои ҳунариву эҷодӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Маркази баргузории ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт Майдони «Дӯстӣ» буда, дар ин ҷо шоми 9 сентябр соати 19 барномаи идонаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор шуда, дар анҷоми консерт мушакпаронии идона ҷараён мегирад. Ҳамзамон, бахшида ба 19-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар Муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона бо ҳузури устодони санъати Тоҷикистон барпо мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






