БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ТИБ МУАЙЯН ГАРДИД

Август 13, 2010 09:32

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба 1030-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбии кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Беҳтарин ҳамшираи тиб» ҷамъбаст гардид. Озмун аз се давр – таҷрибаи корӣ, пурсишу посух аз ҳаёт ва фаъолияти Абӯалӣ ибни Сино ва қироати шеър иборат буда, дар он аз 22 муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамшираҳои шафқат  иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон озмуни «Беҳтарин ҳамшираи тиб»-ро натиҷагирӣ намуда, ҷойи аввалро ба ҳамшираи тиб аз Маркази вилоятии таълимии клиникавии тибби оилавӣ Муяссара Одилова сазовор дониста, ӯро бо  тӯҳфа сарфароз гардониданд. Ҷойи дуюм насиби ҳамшираи тиб аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷакент Қурбоной Асадова ва ҷойи сеюм насиби ҳамшираи тиб аз Маркази дилшиносии вилоят Зайнура Мамадҷонова гардида, ҳарду ҳам бо мукофот қадрдонӣ шуданд. Мавриди зикр аст, ки ғолибони  ду ҷойи аввали озмуни вилоятии  «Беҳтарин ҳамшираи тиб» дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамшираи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  иштирок хоҳанд кард.

Август 13, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд