БЕМОРИИ ФАЛАҶ ДАР ТОҶИКИСТОН ПУРРА ПЕШГИРӢ МЕГАРДАД

Август 14, 2010 11:07

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳукумати Ҳиндустон ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон 3 миллион ваксинаи зидди бемории фалаҷро ҳамчун кӯмаки бебозгашт мефиристад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд. Тавре хабар дода будем, рӯзҳои наздик Ҳукумати Ҳиндустон ба маблағи 200 ҳазор доллар барои зарардидагони обхезии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад. Ин нукта 13 август зимни вохӯрии сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷи бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид.  

Август 14, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд