БОЗДИДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ НОҲИЯҲОИ ВАХШУ БОХТАР

Август 25, 2010 11:44

Субҳи имрўз 25 августи соли 2010 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Вахшу Бохтар идома ёфт. Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи нави пахтатозакунии «Насими Вахш» —  и ноҳияи Вахш ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ расман ба кор даровард. Зимни шиносоӣ бо кори корхона иттилоъ дода шуд, ки он бо дастгоҳҳои технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гашта, дар як сол метавонад то 30 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, аз он беш аз 11 ҳазор тонна нахи хушсифат истеҳсол намояд. Дар ин корхона беш аз 50 нафар бо кор таъмин мешаванд, ҳарчанд бештари корҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ ба таври автоматӣ иҷро мешаванд. Истеҳсолоти бепартов аз афзалиятҳои муҳими дигари ин корхона аст. Бо тарзи кори пешқадами худ ин корхона айни ҳол дар кишвари мо назир надорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои таъмини доимии ин ва дигар корхонаҳои саноатии ин соҳа бо ашёи хом майдонҳои кишти пахта ва ҳосилнокии онро зиёд намоянд. Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки дар зарфи 2 соли оянда ҳамчунин бо иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта як корхонаи нави ресандагӣ низ сохта ба кор медароранд. Аз ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Бохтар ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани як мактаби нави замонавӣ иштирок намуд. Зимни шиносоӣ бо мактаб маълум  шуд, ки он бо харҷи қариб 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Аз ифтитоҳи ин мактаб хонандагону омўзгорон ва аҳли деҳа хеле хушҳол шуданд, зеро мактаби пешина 2 км дуртар аз ин ҷо ҷойгир будааст. Дар хоҷагии деҳқонии Солеҳи ноҳияи Вахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои ниҳолҳои пахта ва таҷрибаи кишти дубораю себораи заминҳои обӣ аз наздик шинос шуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, пахтакорони хоҷагӣ асосан тухмии хушсифати флора кишт намуда, бовар доранд, ки аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна 45 сентнерӣ ҳосил мерўёнанд. Аҳли хоҷагӣ аз заминҳои ғаллаи худ 45 сентнерӣ ҳосил рўёнда, дар ҷойи он ҷуворимака, лўбиё, мош, сабзӣ ва дигар намудҳои сабзавоту зироатҳои хўроки чорво кишт намудаанд. Дар як қитъаи замин дар кишти сеюм сабзӣ кишт намуда, аз он 250 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи онҳоро омўзандаю намунаи ибрат номида, ба мутахассисону аҳли заҳмати хоҷагӣ арзи сипос намуд.  Дар ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби муосири дуошёна, ки бо тарҳи замонавӣ ва шароити хуби таълимӣ муҳайё гаштааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки мактаб  бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1248 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб дорои 22 синфхона аст, ки аксари онҳо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ мебошанд. Мактаб ҳамчунин ошхонаи барҳаво, толори хушсохти маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст ва толору майдончаи варзишӣ низ дорад, ки ҳама бо сифати баланд сохта омода карда шудаанд. Зимни сўҳбат бо омўзгорону хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуд, ки сифати таълиму тарбия низ мутобиқ бо шароити олии ин мактаб бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дод, ки танҳо ҳамин дар мамлакат беш аз 200 мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ба ифтихори истиқлоли давлатии Ватани азизамон ҷамоати деҳоти Оқгазаи ноҳияи Вахш 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад. Мардуми ҷамоат ин пешниҳодро бо хушнудӣ пазируфтанд. Дар мавзеи дигари ҳамин ҷамоат бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси боз як мактаби мўҳташами ҳозиразамон гузошта шуд, ки бо маблағҳои шахсии соҳибкори маҳаллӣ Қурбоналӣ Юсуфов   сохта мешавад. Қурбоналӣ Юсуфов ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки ин мактабро бо шароитҳои намунавии муосир дар зарфи 2 соли оянда сохта, ба ҳамдеҳагони худ тақдим менамояд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мактаб бо номи ҳамин соҳибкор номгузорӣ шавад, то ки мардуми деҳа аз саховати ин ҷавонмарди дарёдил бохабар бошанд ва пайваста барояш дуои наку намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 25, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад