БОЗДИДИ О. ОҚИЛОВ АЗ МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМИДИҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 10 августи соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе шинос шуд. Оқил Оқилов дар ин ҷо бо рафти таъмири агрегати гармидиҳандаи ҳафтум, коргоҳи кимиёвӣ ва дегҳои буғӣ ошноӣ пайдо карда, барои тезонидани тамоми корҳои таъмирию барқарорсозии пешбинишуда ба масъулони корхона дастуру супоришҳои мушаххас дод. Хотиррасон бояд кард, ки корҳои таъмирӣ дар агрегати ҳафтуми Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти саҳҳомии «КазРемЭнерго»-и Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад. Оқил Оқилов ҳамон рӯз инчунин бо рафти корҳои сохтмон ва васлкунии ду деги обгармкуни дар дегхонаи «Ғарбӣ»- и Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе шинос шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






