БУНЁДИ РОҲҲО ИДОМА ДОРАД
Ҷиргатол, 20 август. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). – Бо анҷоми таҷдиди марҳилаи якум ва дуюми роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Ҷиргатол – Саритоши Ҷумҳурии Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми шоҳроҳ аз деҳаи Сайрони ноҳияи Ҷиргатол то сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат идома дорад. Масофаи ин қисмати шоҳроҳ 89 километрро ташкил дода, айни ҳол дар бештари мавзеъҳои хавфнок корҳои таркишӣ, тахту ҳамворкунӣ ва васеъ намудани қисматҳои асосии роҳ дар арафаи анҷомёбист. Бо мақсади пеш бурдани корҳои сохтмонӣ беш аз 150 техникаҳои гуногунтамға сафарбар карда шудаанд. Сохтмончиён бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тасмим гирифтаанд, ки корҳои сохтмониро дар мӯҳлати муқараршуда ба анҷом расонанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






