ДАР МАКТАБҲОИ ШАҲРИСТОН БА 1,5 ҲАЗОР ХОНАНДА ҶОЙИ НИШАСТ НАМЕРАСАД
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 3 августи соли 2010 раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон сокинони ин ноҳияро қабул намуд. Дар ҷараёни рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят бештар аз 70 нафар сокинони ноҳияи Шаҳристон бо талабу дархости мухталиф ба Қоҳир Расулзода муроҷиат намуданд. Истиқоматкунандагони ноҳияи номбурда асосан бо масъалаҳои таъминот бо оби нӯшокиву полезӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, сохтмон ва таъмири роҳу пулҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани соҳилмустаҳамкунӣ ва дигар масъалаҳои муҳим муроҷиат карданд. Дар ҷараёни рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят дар ноҳияи Шаҳристон маълум гардид, ки дар мактабҳои ноҳияи мазкур барои беш аз якуним ҳазор нафар хонандагон ҷойи нишаст намерасад. Дар ин замина ба масъулини соҳаи маорифи вилоят дастур дода шуд, комиссияи махсус таъсис дода, вазъи соҳаро ба пуррагӣ омӯзанд ва дар марҳилаи аввал соли оянда барои 240 нафар толибилмони маркази ноҳияи Шаҳристон бунёди бинои мактаби навро оғоз намоянд. Дар назар аст, пагоҳ, 4 август дар шаҳри Панҷакент рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баргузор шавад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз оғози соли равон то имрӯз тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси вилояти Суғд дар 13 шаҳру ноҳияҳо рӯзи қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, дар рафти ин чорабинӣ қариб 3000 нафар шаҳрвандон, ки ифодагари муроҷиати 45 ҳазор нафар сокини вилоят буданд, қабул шуданд.