ДАРЁФТИ ҶАСАДИ КӮҲНАВАРДИ УКРАИНӢ

Август 16, 2010 10:02

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар натиҷаи ҷустуҷӯи якҷояи наҷотдиҳандагони тоҷику русу украинӣ 15 август ҷасади кӯҳнаварди украинӣ Олег Монсар дарёфт гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд. Манбаъ қайд намуд, ки амалиёти наҷотдиҳӣ чанд рӯз пеш оғоз гардидаву он дар нимаи рӯзи 15 август натиҷа дод. Айни замон чархбол барои ба шаҳри Душанбе овардани ҷасад фиристода шудааст. Сипас аз шаҳри Душанбе ҷасад ба ватани қурбоншуда интиқол дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Устоди варзиши Украина оид ба туризм Олег Монсари 49 сола, ки роҳбари гурӯҳи дунафара буд, аз қуллаи кӯҳи ағбаи Девлохони ҷанубӣ ба поён афтода буд. Рафиқони ӯ — Алексей Вашенко ва Алексей Никоненко аз тарафи наҷотдиҳандагони тоҷик наҷот дода шуд.    

Август 16, 2010 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд