ДАРЁИ ПАНҶ БОЗ ҶОНИ 7 НАФАРРО РАБУД
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Садамаи нақлиётии навбатӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух дод, ки дар натиҷаи он 7 нафар қурбон шуд. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ хабар доданд, рӯзи 23 август дар деҳаи Вознавди ноҳияи Рӯшон автомашинаи хориҷӣ аз баландии 20 метр ба дарёи Панҷ афтода ғарқ шуд. Бар асари ин ҳодисаи нохуш ронанда ва 6 нафар мусофир ба ҳалокат расида, танҳо як нафар мусофир, ки шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон мебошад, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуд. Миёни қурбоншудагон 2 нафар кӯдаки аз 1 то 3 сола, истиқоматкунандагони деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим низ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ тайи як моҳи охир дар ноҳияи Рӯшон мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






