ДОНИШМАНДИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 16 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Донишманд ва пажӯҳишгари барҷастаи тоҷик устод Камол Айнӣ 14 август дар синни 83 солагӣ бар асари бемории сактаи майна аз олам гузашт. Марҳум 15 август дар Боғи Айнӣ дар паҳлӯи қабри падараш Садриддин Айнӣ бо ҳузури намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва наздикону пайвандонаш ба хок супорида шуд. Камол Айнӣ 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ таваллуд шудааст. Вай дар соли 1949 бахши шарқшиносии Донишгоҳи Санкт- Петербурги Русияро хатм карда, солҳои 1953-1955 аввалин мудири шӯъбаи дастнависҳои раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Камол Айнӣ осори бузургони адабиёти тоҷику форс, ба мисли Рӯдакӣ, Хайём, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино, Носири Хисрав, Ҳилолӣ, Восифӣ ва Фахриддини Гургониро пажӯҳиш карда, дар бораи онҳо асарҳои зиёди илмӣ таълиф кардааст. Ба чоп омода намудани 15 ҷилди ёддоштҳои падари худ -Садриддин Айнӣ ва таҳияи матни нуҳҷилдаи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ аз корҳои муҳими ба анҷом расонидаи Камол Айнӣ мебошад. Камол Айнӣ донишманди шинохтаи тоҷик буда, асосгузори Анҷумани форсизабонони дунё «Пайванд» буд. Марҳум бо асарҳои пажӯҳишии арзишманди худ дар ташаккули адабиёти форсу тоҷик саҳми босазо гузошта, тӯли 50 сол дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Бояд гуфт, ки мақолаву асарҳои Камол Айнӣ ба забонҳои англисиву русӣ ва бо хатти форсӣ дар Эрон нашр гардидаанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






