ДУЗДИИ МАБЛАҒИ КОРХОНА ДАР СУҒД

Август 30, 2010 09:54

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 27 августи соли ҷорӣ  ба ШКД ноҳияи Ҷаббор Расулов мактуби роҳбарияти ҶСК «Комбинати бойгардонии кӯҳӣ»-и шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид гардид, ки шаби 26 ба 27августи соли ҷорӣ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ  вориди корхонаи мазкур, воқеъ дар кўчаи Советӣ-122, шаҳраки Пролетар шуда, бо роҳи шикастани дари сейфи оҳанин, аз дохилаш маблағи пулӣ 96402 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-чустуҷуӣ идома дорад.

Август 30, 2010 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд