ФАТТОҲ САИДОВ: «МАН БА ҚОНУНШИКАНӢ РОҲ НАМЕДИҲАМ»

Август 3, 2010 11:10

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова)  «Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нафаре аз наздикони ман фаъолият намекунанд. Илова бар ин ёдовар мешавам, ки дар моддаи 9 Қонуни ҶТ дар бораи «Мубориза бар зидди коррупсия» ба кор қабул кардани хешу табор қатъиян манъ аст. Ман худам шахсан ба наздиконам таъкид кардам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам, муқобили қонун ҳам кор намекунам ва ба онҳо тавсия додам, ки дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намоянд»,- изҳор намуд сардори Агентӣ Фаттоҳ Саидов дар нишасти ҳисоботие, ки 2 августи соли 2010 баргузор гардид. Фаттоҳ Саидов ба саволи хабарнигорон дар мавриди боздошти писари собиқ прокурори генералии кишвар Ф. Бобохонов ҷавоб дода гуфт, ки Файзулло Бобохонов соли 2005 ба вазифаи прокурори ноҳияи Ҳисор замоне таъин гардид, ки падараш ба ҳайси Прокурори генералии  ҶТ фаъолият менамуд. Ф. Бобохонов баҳори соли 2010 пас аз ду моҳи аз вазифа сабукдӯш намудани падараш аз кор барканор гардид. Ёдовар мешавем, ки собиқ прокурори ноҳияи Ҳисор  Ф. Бобохонов бо гумони даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ ва сӯйистифода аз вазифаи хизматӣ гунаҳкор ва дастгир гардид. Чанде пештар муфаттиши прокуратураи ноҳияи мазкур бо гуноҳи тамаъҷӯйӣ ва талаби 20 ҳазор доллари ИМА дастгир шуда, дар баёноташ иқрор намудааст, ки маблағи гирифтаашро бо Бобохонови хурдӣ тақсим намудаанд.    Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар муддати 6 моҳи соли ҷорӣ барои қонунвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионӣ дошта  249 нафар бо маблағи 164.880 сомонӣ ҷарима гашта, аз ин ҳисоб 155.075 сомонии он ба буҷаи давлат равона карда шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки қисми зиёди ин қонуншиканиҳо дар муассисаҳое рух додаанд, ки дар онҳо хешу наздикон дар якҷоягӣ кор мекарданд,-афзуд дар охири нишаст сардори Агентӣ Фаттоҳ Саидов.                                                                                                                                                                                                                                  

Август 3, 2010 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад