ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО НАТО
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 30 августи соли 2010 дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳ-муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурӣ, генераллейтенант Рамил Нодиров бо намояндаи НАТО дар Кавказ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Роберт Симонс баргузор гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Паймони давлатҳои атлантикаи шимолӣ (НАТО) изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба масоили рушди ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд. Дар мулоқот, инчунин, вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлати Афғонистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва зуҳуроте, ки имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад ва дигар масоили вобаста ба таъмини амният дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






