ХУДКУШИИ ҲАФТ НАФАР ЗАН ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 30 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ВМКБ 13 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳафт нафари он зан мебошад. Агар соли 2009 ин ҳодиса бештар дар ноҳияи Роштқалъа ба қайд гирифта шуда бошад, имсол дар шаҳри Хорӯғ ва ноҳияи Мурғоб зиёд рух медиҳад. Сармутахассиси шӯъбаи маъмурии дастгоҳи раиси вилоят Ҷумъа Давронбеков мегӯяд, ки коршиносон сабаби асосии худкуширо дар тарбияи сусти оила мебинанд, яъне кӯдаконро волидайн эрка ба воя мерасонанд ва баъдан баробари бо андак душворӣ рӯ ба рӯ гардидан онҳо ба он тоб наоварда, ба худкушӣ даст мезананд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






