ИНТИҚОЛИ ГАЗ БА ТОҶИКИСТОН МАҲДУД МЕШАВАД
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Интиқоли гази табиӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Дар ин бора аз Ҷамъияти саҳҳомии «ТоҷикТрансГаз» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба гуфти муовини Ҷамъияти саҳҳомии «ТоҷикТрансГаз» Шавқат Шоимов ин ба боло рафтани нархи гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ дар семоҳаи сеюми соли 2010, аз ҷумла баланд шудани нархи содиротии гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон вобастагӣ дорад. «Имрӯзҳо арзиши 1 кубометр гази табиие, ки аз Ӯзбекистон содир мешавад, 251 долларро ташкил медиҳад, аммо дар семоҳаи дуюм бошад нархи гази табиӣ 239 доллар буд. Аввали сол арзиши газ 42 доллар боло рафт. Аз ҳамин сабаб масъалаи интиқоли гази табиӣ ба истиқоматкунандагон то ҳол ҳал нашудааст» — хабар дод манбаъ. Муассисаҳои саноатӣ ба он нигоҳ накарда, ки «УзТрансГаз» интиқоли гази табииро то 15 ҳазор кубометр дар як шабонарӯз кам кардааст, мисли пештара маводи сӯхтро дастрас мекунанд,- мегӯяд Ш. Шоимов. «Содироти гази табиӣ аз сабаби напардохтани қарз кам карда шуд. Ҷамъияти саҳҳомии «ТоҷикТрансГаз» кам-кам қарзҳояшро пардохт карда истодааст ва ҳоло қарзи Тоҷикистон аз Ӯзбекистон аз 500 ҳазор доллар зиёд нест» — афзуд Шавқат Шоимов.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






