ИШТИРОКИ 400 СОҲИБКОРИ ТОҶИК ДАР ЯРМАРКАИ УРУМЧӢ

Август 17, 2010 14:09

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии  Тоҷикистону Чин дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Чин дар Тоҷикистон Фан Сенҷун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хабарнигори «Ховар» хабар доданд. Раиси Палата дар мавриди масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии байни ду кишвар, ки солҳои охир бештар инкишоф меёбанд, муфассал сухан ронда гуфт, ки дар ҷумҳурии мо ҳамасола ярмаркаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд. Зимни мулоқот ҳамчунин зикр гардид, ки аз соли 2004 то 2010  миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши молу маҳсулот афзуда, 1,5 млрд. долларро ташкил додааст.  Ш. Саид ба сафири нав дар бораи лоиҳаҳои сершумори татбиқи сармоягузорӣ, сохтмони шабакаҳои интиқоли барқ аз ҷониби ширкатҳои чинӣ, сохтмони роҳҳои мошингард ва нақбҳо дар ҶТ хабар дод. Соҳибкорони тоҷик-аъзои Палата ҳамеша дар намоиш ва ярмаркаҳое, ки дар Чин баргузор мегарданд, ҳамчунин дар намоиши ҷаҳонии «ЭКСПО-2010» иштирок менамоянд. Ҷонибҳо ҳамчунин иштироки аъзои Палата дар ярмаркаҳои ҳарсолаи дар Қошғар ва Урумчӣ барпо мешударо муҳокима намуданд. Ба ярмаркаи имсолаи Урумчи зиёда аз 400 нафар сохибкор аз ҶТ сафар менамоянд.

Август 17, 2010 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд