ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ АФҒОНИСТОН, ПОКИСТОН, РОССИЯ ВА ТОҶИКИСТОН
Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 августи соли 2010 Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. Карзай, Ҷумҳурии Исломии Покистон А. А Зардорӣ, Федератсияи Россия Д.А. Медведев ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар вохурии дуюми чаҳорҷонибаи хеш 18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочи ҷамъ омада, муҳокимаи ҳамаҷонибаи ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавиро анҷом доданд ва бо таъкиди зарурати татбиқи бемайлони қарордодҳое, ки дар ҷараёни вохӯрии аввали онҳо 30 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе ба даст омаданад; тасдиқи дорои аҳамияти махсусан муҳим будани тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими суботи минтақа ва рушди иқтисодӣ; ҷонибдории имзои қарордод миёни Афғонистон ва Покистон оиди савдои транзитӣ ва умедвории татбиқи муваффақонаи он; изҳори изтироб вобаста ба мавҷудияти хатарҳои террористӣ дар минтақа, ҳамчунин истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор ва паҳншавии он дар ҳаҷмҳое, ки метавон ин фаъолияти ғайриқонуниро ҳамчун хавф нисбати сулҳ ва суботи байналмиллалӣ тафсир кард, 1. Роҳандозӣ шудани «раванди Кобул», инчунин баргузории Конференцияи байналмилалии сатҳи олиро оид ба Афғонистон, ки 20-июли соли 2010 дар шаҳри Кобул доир шуд ҷонибдорӣ ва дастгирӣ менамоянд. Дар ин росто онҳо аз барномаҳои афзалиятноки дар панҷ соҳа: амният, идораи давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, рушди кишоварзӣ ва деҳа, рушди потенсиали инсонӣ омодагардидаро дастгирӣ намуданд. Онҳо ҳамчунин натиҷаҳои Ҷиргаи машваратии Миллиро ҳамчун марҳилаи муҳим дар чаҳорчӯбаи раванди таъмини сулҳу оштӣ дастгирӣ намуданд. 2. Аҳамияти ҳамкориҳои минтақавиро ҷиҳати мусоидат ба таъмини суботи минтақа, аз ҷумла бо истифодаи имкониятҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи сохторҳои мавҷудаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба шумули СҲШ дар самтҳои мубориза бо терроризм ва маводи нашъадор таъкид намуда, даъват ба амал меоранд, ки бо ин мақсад имконияти сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ фаъолонатар истифода шавад. 3. Мубориза бо хатарҳои маводи нашъадорро бо таъкиди пешбурди он дар асоси маҷмӯӣ (комплексӣ) дар тамоми тӯли истеҳсол ва паҳнсозии ғайриқонунӣ-аз пешниҳоди манбаъҳои алтернативии маблағҳои даромад то нобуд сохтани киштзорҳои маводи нашъадор, инчунин пешгирии таъмини прекурсорҳо ва чораҳо оиди коҳиши истеъмоли маводи нашъадор ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки хеш ҳисобида, ба роҳбарони сохторҳои масъули мубориза зиддӣ маводи нашъадори кишварҳояшон супориш медиҳанд, ки дар мӯҳлатҳои наздиктарин вохӯрӣ доир намуда масъалаҳои марбутаро мушаххасан баррасӣ намоянд. 4. Аҳамияти амалиёти оперативӣ-профилактикии зидди маводи нашъадор «Канал»-ро ки дар чаҳорчӯбаи СПАД доир мегардад, таъкид намуда, ҷонибдори зиёд гардидани шумораи давлатҳо ба сифати мушоҳидачӣ дар ин амалиёт мебошанд. 5. Дар бораи идомаи ширкати фаъол дар татбиқи Нақшаи фаъолияти давлатҳои аъзои СҲШ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оиди проблемаҳои мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояткории муташаккилона, ки дар Конфренсияи махсус оид ба Афғонистон таҳти сарпарастии СҲШ 27 марти соли 2009 дар Москва қабул шудааст, изҳори омодагӣ менамоянд. 6. Мароми худро ҷиҳати ширкати фаъолона дар мубориза бо «шустани» маблағҳои пулӣ ва маблағгузории терроризм, махсусан мубориза бо маблағҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳои он тасдиқ менамоянд. 7. Изҳор медоранд, ки бо гардиши ғайриқонунии силоҳ, муҳимот, маводи тарканда ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ қотеъона мубориза хоҳанд бурд. 8. Ҳавасмандии хешро оиди минбаъд пурзӯр намудани ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар самтҳои иқтисоду савдо ва инвеститсияҳо, беҳтар сохтани фазои инвеститсионӣ дар кишварҳои минтақа ва ба роҳ мондани робитаи бевоситаи доираҳои соҳибкорӣ иброз медоранд. 9. Нақшаҳои доираҳои соҳибкории Россия, Покистон ва Тоҷикистонро оиди дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва соҳибкорони афғон ширкат намудан дар барқарор ва азнавсозии объектҳои дорои аҳамияти калидӣ барои иқтисодиёти Афғонистон дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, идораи захираҳои табиӣ ва рушди шаҳрҳо дастгирӣ намуда, зарурати мушаххас сохтани пружаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои номбаршуда, аз ҷумла нақби «Соланг», объектҳои комплекси нафту газ дар шимоли мамлакат, корхонаи нуриҳои маъданӣ ва Маркази гармдиҳӣ дар Мазори Шариф, комбинати хонасозии Кобул ва комплекси ирригатсионии Нангарҳорро таъкид месозанд. 10. Татбиқи барномаҳои муштаракро дар минтақа дар соҳаҳои энергетика ва инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла барномаи бунёди системаи интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон «CASA-1000» ва иштироки Федератсияи Россияро дар он дастгирӣ менамоянд. 11. Аз мусоидати фаъоли сохторҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ дар татбиқи пружаҳои иқтисодии минтақавӣ ба манфиати барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таҳкими субот дар кишвар, ва умуман дар минтақа изҳори умедворӣ мекунанд. 12. Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумат ва мардуми Покистон дар иртибот ба ҳалокати шумораи зиёди одамон ва харобиҳои густурда, ки обхезиҳои бемисл дар Покистон ба бор овардааст, изҳори ҳамдилӣ ва тасаллият намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки ба Покистон дар бартарафсозии оқибатҳои ин офати мудҳиши табиӣ кӯмаки таъҷилӣ намоянд. 13. Қарор доданд, ки вохӯрии навбатии президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон -ро дар шаҳри Душанбе доир намоянд. Санаи аниқи он тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян карда хоҳад шуд.