ИЗ&#1202ОРОТИ К&#1262ҲНАВАРДОНИ УКРАИНӢ ВА ДИГАР ПАҲЛӮҲОИ ҚАЗИЯ

Август 19, 2010 11:24

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар нишасти матбуотие, ки 18 август аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ ташкил карда шуд, кӯҳнаврдони украинӣ Алексей Вашенко ва Алексей Никоненко ба наҷотдиҳандагони тоҷик барои расонидани кӯмак баҳри дарёфти ҳамватани онҳо изҳори минатдорӣ намуданд. «Тибқи одату расми мо ҳар як шахс бояд дар хоки ватани хеш дафн карда шавад. Аз ин рӯ, мо аз наҷотдиҳандагон, ки барои ёфтани Олег кӯмак расониданд, бисёр минатдорем», — гуфт А. Вашенко. Ҳамчунин, онҳо аз ташкили ғайрикасбии туризми кӯҳӣ дар Тоҷикистон   изҳори норозигӣ намуданд. Онҳо зикр намуданд, ки ин ҳодисаи фоҷиавие, ки дар кӯҳҳои Помир бо кӯҳнаварди украинӣ рух дод, ба рушди минбаъдаи туризм дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, зеро сайёҳони зиёд аз дигар давлатҳо шоҳиди корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии ҷониби Тоҷикистон гардиданд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Устоди варзиши Украина оид ба туризм Олег Монсари 49 сола, ки роҳбари гурӯҳи дунафара буд, аз қуллаи кӯҳи ағбаи Девлохони ҷанубӣ ба поён афтода буд. Рафиқони ӯ — Алексей Вашенко ва Алексей Никоненко аз тарафи наҷотдиҳандагони муштараки тоҷику украину рус баъди 12 рӯз наҷот дода шуданд. Ҷасади Олег Монсар ду рӯз пеш пайдо гардид. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Президенти ҶТ, Сафорати Украина дар Тоҷикистон, шоҳидоне, ки бевосита дар ҷои ҳодиса буданд ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Сардори раёсат оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ полковник Олег Пилкевич сабаби таъхири корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳиро дар набудани чархбол маънидод намуд. Ӯ зикр кард, ки дарёфти ҷасади қурбоншуда дар ҷойе, ки дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир будаву ин маконест, ки ҳамеша дар ин ҷо резиши сангҳо, фаромадани тарма ҳодисаи маъмулӣ ба ҳисоб меравад, кори басо душвор аст. «Мо аз имкониятҳои мавҷуда ҳаматарафа истифода бурдем. Ташкили туризми кӯҳӣ, ки аз он кӯҳнавардони мо норозианд, дар тобеияти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Президенти ҶТ аст ва бояд онҳо амнияти сайёҳонро таъмин менамуданд,- гуфт О. Пилкевич». Сӯҳбатро идома дода, сардори раёсати рушди туризми Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Президенти ҶТ Давлат Ҳабибов зикр кард, ки дар ташкили экспедитсияҳои кӯҳбароии байналмилалӣ кумитаи мазкур фақат ҳамин сол иштирок кард. «То ин муддат бо масъалаҳои ташкили туризми кӯҳӣ 146 ташкилоти ҳавасманд сарукор доштанд. Соли ҷорӣ мо иҷозатномаи кории 99 ташкилотро боздоштем, зеро фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ буд. Аз инҳо танҳо 4 ширкат ба мо такроран барои дарёфт намудани иҷозатнома муроҷиат намуданд. Кӯҳбароии ин гурӯҳи кӯҳнавардон, ки 30 июл ба Тоҷикистон омада буданд, аз тарафи ширкати «Алп-Наврӯз»,ки иҷозатномаи фаъолияташ ҳанӯз  22 июл қатъ гардид, ташкил шуда буд. Ҳамон ширкате, ки кӯҳнавардон бо он шартнома доранд, вазифадор аст онҳоро бо харитаи роҳ таъмин намуда, ҳамчунин амнияти роҳи онҳоро таъмин намояд»,- гуфт Д Ҳабибов. Кӯҳнавардони украинӣ барои риоя накардани шартҳои шартнома ба ҷониби Тоҷикистон норозигӣ баён карданӣ нестанд. Онҳо иқрор шуданд, ки «бо кӯҳнавардӣ шуғл варзидан ҳамеша хавфнок аст ва онҳо касеро дар марги ҳамватани худ гунаҳгор намеҳисобанд». «Ин ҳодиса барои мо сабақи хуб гардид. Минбаъд мо кӯшиш менамоем, ки дар якҷоягӣ, таъҷилӣ ва муташаккилона фаъолият намоем»-гуфт Д. Ҳабибов.        

Август 19, 2010 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд