ИЗДИВОҶИ ДУХТАРОНИ ТОҶИК БО ХОРИҶИЁН КАМ ШУДААСТ
Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми солҳои 2005-2009 дар ҷумҳурӣ бекор кардани ақди никоҳ аз 2900 ба 5850 ҷуфт расидааст. Танҳо дар соли 2009 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар беш аз 100 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ ва қариб 6000 ҳолати бекор кардани онро ба қайд гирифтаанд, ки аз он 3 770 ақди никоҳ бо қарори судҳо бекор карда шудааст. Сабабҳои аз ҳам ҷудо шудани оилаҳои ҷавон дар чист ва чӣ бояд кард, ки оилаҳо дар ҷомеа устувор ва ҳамдигарфаҳм бошанд? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе Барно Насимова муҳоварае орост. Мавсуф гуфт, ки дар 6 моҳи соли 2010 аз ҷониби кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе 1288 маросими ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2009 –ум 228 никоҳ зиёд аст. Ба андешаи Барно Насимова барпо намудани оила, яке аз неъматҳои илоҳист ва оила ҷузъи ҷудонашаванди ҷомеа аст. Оилаи солим омили асосии рушди давлат ва миллат буда, давлате, ки аз оилаҳои бузургу солим иборат аст, он дар тамоми соҳаҳо пешрафт ва комёб мегардад. Барно Анваровна, мегуфтед, ки Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар ин муддат чӣ қадар ниқоҳи хориҷӣ ва омехтаро ба қайд гирифтааст? Никоҳи хориҷӣ, яъне бастани ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён дар соли 2009-ум 48 ҷуфт ба қайд гирифта шуда буд, дар шаш моҳи соли равон бошад 44 ҷуфт. Никоҳи омехта (русу тотор, тоҷику ӯзбек) бошад, соли 2009 –ум 138 ҷуфт ва соли 2010 –ум 158, яъне 20 ҷуфт зиёд аст. Дар ин давра ба буҷаи давлат чӣ қадар боҷи давлатӣ супорида шудааст? Дар 6 моҳи соли равон беш аз 8 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлат боҷи давлатӣ супорида шудааст, ки нисбати соли гузашта қариб 1000 сомонӣ зиёд аст. Синну соли ақди никоҳи ҷавононе, ки оила барпо менамоянд, чанд аст? Синну соли миёнаи духтароне, ки издивоҷ мекунанд, аксарияташон то 19 сола ҳастанд. Бачаҳо низ ҳозир хеле ҷавон оила барпо мекунанд, аксари онҳо ҳатто 18- 19 сол доранд. Ман ҳайрон мешавам, ки барои чӣ ин қадар волидайн хеле ҷавон писарони худро хонадор мекунанд. Бояд онҳо ихтисос ва соҳиби ҷои кор бошанд то оилаи худро таъмин карда тавонанд. Бисёр ҳам барвақт оиладор кардани ҷавонон хуб нест. Зеро ҷавонон ба зиндагии мустақилона омода нестанд ва бо андак мушкилот ва проблемаи рӯзгор сабру таҳаммул карда наметавонанд. Дар аксар кишварҳои хориҷа ҷавонон то синни 21 оила барпо карда наметавонанд. Яъне, синни издивоҷ аз 21 солагӣ оғоз меёбад. Мардуми мо бошад баръакс, дар синну соли хеле ҷавон фарзандони худро оиладор менамоянд, ки он боис мегардад ба якдигарнофаҳмӣ ва афзоиши ҷудоии оилаҳои ҷавон. Оё дар нимсолаи соли равон бастани ақди никоҳи духтарони тоҷик бо хориҷиён ба қайд гирифта шудааст? Бале, ба қайд гирифта шудааст. Асосан никоҳи духтарони тоҷик ва шаҳрвандони кишварамон бо шаҳрвандони кишварҳои исломӣ, ба мисли Афғонистон, Эрон, Туркия, инчунин, Аврупо- Британияи Кабир, Фаронса ва Чин (асосан ӯзбекҳо бо ӯйғурҳои вилояти мухтори Шинҷону Ӯйғури Чин), шаҳрвандони Амрико, Канада, Олмон (асосан эронитаборҳо ва афғонҳо) ба қайд гирифта шудааст. Чанде пеш ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Тибқи он синни издивоҷ дар ҷумҳурӣ як сол баланд бардошта шуд. Назари Шумо ба ин масъала? Аз 1 январи соли 2011 ҷавонон аз синни 18 -солагӣ аз қайди ақди никоҳ мегузаранд. Қаблан бо Қарори суд аз синни 16 солагӣ ақди никоҳ баста мешуд. Ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ қадами муассирест дар роҳи устувор гардонидани оилаҳои ҷавон. Ин тағйирот бо мақсади беҳтар омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, таъмини шароити оилаю оиладорӣ ва тақвияти риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон муҳим аст. Дар мавриди ба қайд гирифтани ақди никоҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то чӣ андоза риоя мегардад? Мутаасифона, қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон чандон риоя карда намешавад. Дар қонун омадааст, ки дар маросими тӯйи арӯсӣ на зиёда аз 4 мошин ва 12 нафар хешовандон ва дӯстони арӯсу домод иштирок намоянд. Тамоми он шарту шароите, ки дар қонун омадааст, дар даромадгоҳи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар тахта-эълонҳои махсус дарҷ ёфтааст. Кӯдакону наврасони то синни 16-сола ҳуқуқ надоранд, ки вориди Хонаи ақди никоҳ гарданд. Дар ин масъала борҳо бо мардум ва соҳибони тӯйҳо сӯҳбату мулоқот гузаронидаем. Мутаасифона, боз 10 мошин меоранд, одамони зиёд ҳамроҳи арӯсу домод вориди Хонаи ақди никоҳ мегарданд. Борҳо аз ҷониби мақомоти марбута аз қонуншиканҳо ҷарима ситонида шуд. Бояд худи шаҳрвандон қонун ва меъёрҳои онро риоя созанд. Ба назари Шумо сабабҳои асосии ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон дар чист? Яке аз омилҳои асосии ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон ин пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона аст. Духтарону ҷавонони имрӯза ба ҳаёти мустақилона чандон омода нестанд. Ҷавонҳо мехоҳанд, тамоми ҷиҳозу шароити рӯзгор яку якбора барояшон муҳайё гарданд. Вале, зиндагӣ чунин нест. Ҳаёти мустақилона ва зиндагӣ пастию баландӣ, камию костӣ дорад. Бояд духтарон ба ин норасоиҳо тоқат намоянд. Ман худамро мисол меорам, гарчанде духтари шаҳр будам, вақте ки ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштам, шавҳарамро, ки хатмкардаи донишгоҳи аграрӣ бо ихтисоси гидромелиоратор буд, дар солҳои 70 ҳамчун мутахассиси ҷавон ба минтақаи Бешкент фиристонданд ва ман ҳамроҳаш ба ин минтақа рафта зиндагӣ кардам. Дар минтақае ки мо қарор доштем, оби нӯшокӣ набуд аз ҷӯйбор об мегирифтем. Ман 22 сол дар он ҷо зиндагӣ кардам. Акнун тасаввур кунед, ки ман духтари дар шаҳр калон шудагӣ, дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритӯс, ки ҳарорати ҳавояш хеле гарм ҳаст, зиндагӣ кардам. Дар ҳамон шароити деҳоти дурдасти ҷануби Тоҷикистон дар танӯр нон ҳам мепухтам, гов ҷӯшиданро ҳам ёд гирифтам, дигар корҳои рӯзгорро низ ба ҷо меовардам. Ҳозира духтарҳои ҷавон бошанд сабру тоқат надоранд. Бояд барои онҳо якбора тамоми шароити зиндагиро муҳайё намоед. Набояд фаромӯш сохт, ки тамоми боигарӣ, зиндагии пурбаракат ва осудагии рӯзгор маҳз бо меҳнат кардан ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст меояд ва дар ин маврид сабру таҳаммул ва истодагарӣ лозим аст. Яъне бояд падару модарон қабл аз ба ҳаёти мустақилона гусел намудани фарзандонашон онҳоро тайёр намоянд, насиҳат кунанд, кӯшиш кунанд то фарзандони худро дар сини ниҳоят ҷавон хонадор насозанд. Хусусан духтаронро ба синни 17 ки расиданд, ҳатман ба шавҳар медиҳанд. Ман фикр мекунам, ки шояд волидайн фикр кунанд духтаронашон бешавҳар мемонанд ё дигар фикру хаёл дар сар доранд. Аз нигоҳи ман, духтарро вақте ки дар синни 16 ба шавҳар медиҳанд, ҳанӯз шуураш чандон ташаккул наёфтааст. Худи ман духтари сеюмамро дар синни 24- 25 солагиаш ба шавҳар додам. Ӯ ҷаҳонбинӣ ва сатҳи маърифати баланд дошта, дар Британияи Кабир ва Амрико таҳсил карда омад. Яъне, соҳиби натанҳо маълумот, балки ихтисос гардида, ба зиндагии оилавӣ пурра омода шуда буд. Вақте, ки духтар ба камол мерасад, соҳиби маълумот ва ихтисос мегардад, ӯ дар ҷомеа мавқеъи худро пайдо менамояд, дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои худ мекунад. Фарзандони солиму солеҳ ба камол мерасонад. Ва набояд фаромӯш кард, ки аз зан- модари бомаърифат кӯдаки бомаърифат ба дунё меояд, кӯдаки бомаърифату закӣ ояндаи ҷомеа, давлат ва миллат аст. Дар робита, ба ин қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона аз духтарон ҳамчун модари оянда ӯҳдадории зиёдро талаб менамояд. Зиндагӣ танҳо аз доштани хонаю дари бодабдаба, мошини хориҷӣ ва дигар сарвату боигарӣ иборат нест. Зиндагӣ ин ҳамдигарфаҳмист, эҳтироми аҳли хонавода, меҳнати ҳалол ва сабру таҳаммул аст. Дар фаъолияти Хонаи ақди никоҳи пойтахт ягон норасоӣ вуҷуд дорад? Албатта кор бе камбудию норасоӣ намешавад. Шукри Худованд дар муддати фаъолиятам ягон камбудию норасоии ҷиддӣ ба вуҷуд наомадааст. Агар ягон норасоӣ ба чашм расад, ҳатман бо ҷамъи кормандон роҳи ҳалли онро меёбем. То ҷое мусаллам аст, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар маркази шаҳр, дар яке аз биноҳои зебою муосири пойтахт ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо тамоми шароит барои кору фаъолият фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе арзи сипос баён менамоям. Аризаи ҷавононе, ки мехоҳанд ақди никоҳ банданд, дар кадом мӯҳлат қабул карда мешавад? Аз ҷавононе, ки нияти ақди никоҳ бастанро доранд на кам аз як моҳ пеш ариза қабул карда мешавад. Вале, бо сабабҳои узрнок мо ин мӯҳлатро метавонем кӯтоҳ намоем. Барно Анваровна, хушбахтии зан –модарро дар чӣ мебинед? Ҳар як зан-модар аввалан хоҳони оромию осоиштагӣ, осмони соф, пешрафту шукуфоӣ ва пояндагии давлату миллат мебошад. Шукри Худованд, ки зери осмони софу беғубор ва дар муҳити амну осоишта, дар оғӯши табиати зебои диёр, фарзандон, табассуми ширину беғаши набераҳои солеҳ зиндагӣ менамоям ва шукри он неъматҳои рӯзгорро мекунам, ки Яздони пок ба мо арзонӣ кардааст. Магар тамоми ин неъматҳои офаридаи илоҳӣ барои зан модар хушбахтӣ нест? Албатта, ман худамро ҳамчун зан-модар хушбахт меҳисобам, зеро сарварии идораеро ба ӯҳда дорам, ки онро «Хонаи бахт» ном мебаранд. Дар ин ҷо ду қалб бо ҳам мепайвандад, ду ҷавон аз пайроҳаи мурод ба шоҳроҳи бузурги зиндагӣ роҳ пеш мегиранд, ман ба онҳо номаи бахт, ишқу умед, садоқату вафодорӣ ва эҳтирому самимиятро месупорам. Домоду арӯс бо тақдими ангуштарини ишқу муҳаббат ва вафодорию садоқат ба ҳамдигар, ки ҳамзамон рамзи пайвастани ду қалбро дорад, ба сӯи зиндагии босаодат роҳ пеш мегиранд. Инчунин, хушбахтиро дар ояндаи фарзандону набераҳо мебинам. Зеро ояндаи ҷомеа аз насли ҷавон вобастагӣ дорад. Таманнои Шумо ба бонувон ва онҳое, ки бори нахуст ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд? Ман таманнои онро дорам, ки он ҷавононе, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мемонанд, доимо дар ҳаёт хушбахт бошанд. Бо сабру тоқат ва якдигарфаҳм буда, аз камбудиҳои ҳаёт наҳаросанд, эҳтироми ҳамдигар ва волидайну аҳли хонаводаро ба ҷо оранд. Бахусус, модарарӯсҳо бояд арӯсҳо ва келинҳои худро на ҳамчун хизматгори хона, балки ҳамчун фарзанди худ қабул кунанд. Вақте ки духтаронамро ба шавҳар додам, ба қудоҳоям гуфтам, ки ман ба шумо келин не, балки фарзанд медиҳам. Фарзандони ман фарзандони шумо ҳисоб мешаванд. Домодҳоямро бошад ман писар мегӯям. Фарзандонамро доимо насиҳат мекунам, ки аҳли оилаи худро ҳурмату эҳтиром намоянд, зеро падару модари домод барои духтарон волидайн мешаванд. Ва бигузор Худованд ба ягон оилаи тоҷик доғи ҷудоиро наорад, балки хушбахтию саодат ва ҳамдигарфаҳмию баракати рӯзгорро ато созад. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».