КАЗАКОВА САМИЕВАРО ИВАЗ КАРД
Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Умриниссо Казакова собиқ ноиби ректори Донишгоҳи тиҷоратӣ Тоҷикистон дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Раиси Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб гардид. Қаблан Раъно Самиева Раисии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкурро ба ӯҳда дошт. Мавсуф бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шуд. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Носирҷон Мирзоев, Умриниссо Казакова доктори илми филология буда, бо унвонҳои «Аълочии маорифи халқ» ва «Корманди шоистаи «Тоҷикматлубот» мушарраф гардидааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






