КИШТИ ДУБОРАИ ПАХТА НАШЪУНАМОИ ХУБ ДОРАД
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 162387 гектар замин кишти пахта гузаронида шудааст, ки ин нишондод ба 89 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки бинобар номусоид омадани вазъи ҳаво, майдони 7894 гектар замини киштшудаи пахта зарар дида аз нав киштгардон шуданд. Айни ҳол майдони 162387 гектар замини киштшудаи пахта сабзидааст, ки ба 100 фоиз баробар мебошад. Аз чорабиниҳои агротехникии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ то санаи 02.08.10 дар майдони 90760 га сарчинкунӣ, 687547 га коркарди байни қаторҳо, 334274 га озуқадиҳӣ ва 351471 га оби вегетативӣ гузаронида шудааст. Дар масоҳати 1925 гектар замин пахтаҳо дар авҷи гулкунӣ буда майдонҳои 1-2 кӯракдор масоҳати 14181 га, 3-4 кӯракдор 37197 га, 5-6 куракдор 45210 га ва 8-12 кӯракдор 63874 гектарро ташкил медиҳанд. Дар вилояти Суғд дурнамои кишти пахта 55 ҳазор буда, дар асл дар майдони 53 ҳазору 977 (98%) гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Аз офатҳои табиӣ 1445 гектар замини киштшудаи пахта зарар дида, дубора кишт карда шуд. Айни замон майдонҳои киштшуда 100% сабзида баромадааст. Тибқи чорабиниҳои агротехникӣ дар вилоят то санаи зикргардида дар майдони 24515 га сарчинкунӣ, 268 ҳазору 440 гектар замин коркарди байни қаторҳо, 118 ҳазору 945 гектар озуқадиҳӣ ва 141 ҳазору 773 гектар оби вегетативӣ гузаронида шудааст. Дар вилояти Хатлон дар майдони 100 ҳазору 598 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Майдонҳои киштшудаи аз офатҳои табиӣ зарардида 6152 гектарро ташкил медиҳанд, ки ин миқдор замин дубора кишт карда шуд. Имрўз майдонҳои киштшудаи пахта сад дар сад сабзидаанд. Айни замон кишоварзон дар майдони 62409 га сарчинкунӣ, 388 ҳазору 374 гектар коркарди байни қаторҳо, 198 ҳазору 195 гектар озуқадиҳӣ гузаронида, ба 193465 гектар оби вегетативӣ додаанд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кишоварзон нақшаи кишти пахтаро барзиёд иҷро карда, ба 7812 (115%) гектар расониданд. Майдонҳои зарардида аз борону жола 297 гектарро ташкил медиҳад, ки пурра дубора кишт карда шудааст. Айни ҳол пахтаи киштшудаи майдонҳо сад дар сад сабзида баромадаанд. Аз чорабиниҳои агротехникӣ бошад дар майдони 3836 гектар сарчинкунӣ, 30733 гектар коркарди байни қаторҳо, 17134 гектар озуқадиҳӣ ва 16233 гектар оби вегетативӣ гузаронида шудааст.