ЛОИҲАИ ПАСТ КАРДАНИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Август 9, 2010 16:02

Душанбе,   9 августи соли 2010. ( АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии давраи нави лоиҳа оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар соҳаи маориф байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум аз тарафи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайбулло Латипов ва роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Хонгвей Гао ба имзо расид. Мақсади Ёддошти мазкур  барқарор намудани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар  соли 2010 дар доираи лоиҳаи «Дастгирии коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар ҷомеаҳои эҳтиёҷманди Осиёи Марказӣ» мебошад. Мақсади лоиҳаи мазкур дастгирии стратегияҳое мебошад, ки ба баланд бардоштани омодагии аҳолӣ ва донишкадаҳои давлатӣ ҷиҳати сари вақт ва самаранок эътибор додан ба офатҳои табиӣ равона карда шудаанд. «Ҳар сол Тоҷикистон мубталои офатҳои табиии гуногун мегардад», — зикр кард раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайбулло Латипов. «Релефи кўҳӣ ва шароити иқлим аксар вақт ба обхезӣ, ярч ва сел оварда мерасонанд, ки ин ҳолат ба некўаҳволии аҳолӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад». «Вазифаи асосии мактабҳо ба кўдакон омӯхтани донишу малакае мебошад, ки дар вақти сар задани ҳолатҳои фавқулодда ба наҷот ёфтани онҳо кўмак расонад», қайд намуд Абдуҷаббор Раҳмонов, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Кўдакон ба таъсири манфии офатҳои характери табиӣ ва техногенӣ дошта бештар гирифтор мешаванд, чунки онҳо донишу маҳорати кофӣ барои дуруст эътибор додан ба вазъияти фавқулодда надоранд», — илова намуд роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Хонгвей Гао. «Лоиҳаи мазкур ба инкишофи малака ва баланд бардоштани сатҳи дониши кўдакон ва рафтори онҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст».   Мақсади Ёддошти мазкур ин тарҳи самтҳои нави ҳамкории муштарак  дар соли 2010 ва давом додани ҳамкорӣ  дар асоси натиҷаҳои бадастомадаи соли гузашта ҳангоми фаъолият дар лоиҳаи «Паст кардани хатари офатҳои табиӣ  дар ҷомеаҳои эҳтиёҷманди Осиёи Марказӣ» мебошад.   Дар соли 2009 лоиҳаи мазкур ба кӯдакон ҳамчун навоварони ҷомеа курсҳои тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар оилаҳоро   омӯзонид. Ҳамин тариқ, дар соли 2009  зиёда аз 120,000 мактаббачагон дар 510 мактаби пилотӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Илова бар ин нақшаи тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқулодда тарҳрезӣ шуда, дар гурӯҳҳои пилотӣ дар намуди машқҳои озмоишӣ дар мактабҳо аз санҷиш гузаронида шуданд. Бо назардошти натиҷаҳои бадастомадаи лоиҳа дар соли гузашта, имсол кӯдакони бештар дар курсҳои тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқулодда омӯзонида мешаванд.  Илова бар ин, мактабҳои интихобшуда дар 14 ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ барои тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқулодда таъмин карда мешаванд. Вазорати маориф дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар  барномаи мактабӣ фанни нав оид ба паст кардани хатари офатҳои табииро ҷорӣ намояд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Департаменти башардўстонаи Комиссияи Аврупо (ECHО) дар доираи барномаи омода будан ба офатҳои табиии ЕСНО маблағгузорӣ мегардад.      

Август 9, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад