МАКТАБ ИНТИЗОРИ ОМӮЗГОР
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – То оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Мудирони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ВМКБ кӯшиш мекунанд, то таълимгоҳҳо ҳаматарафа ба соли нави таҳсил омода шаванд. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ Одинашоҳ Мардов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки омодагии макотиби ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ хеле беҳтар аст. Аллакай 95 дар сади мактабҳо ба соли нави таҳсил омодаанд. Рӯзи 1-уми сентябр хонандагони мактабҳои № 15, 18 ва маҳаллаи навбунёди Сурхсангов дар биноҳои нави замонавӣ таҳсил мекунанд. Бунёди бинои нави макотиби № 4, 6, 14, 26 бошад идома дорад. Ин биноҳо то рӯзи Истиқлолият мавриди истифода қарор дода мешаванд. «Имрӯз дар макотиби ноҳия 20 ҷойи холӣ барои омӯзгорон аст, умедворам, ки то соли нави таҳсил ин камбудӣ низ бартараф мешавад, зеро омадани хатмкардаҳои донишгоҳҳои олӣ ба мактаб идома дорад. Дар масъалаи китоб мушкилӣ нест, имсол 97 дар сади хонандагон бо китобҳои дарсӣ таъминанд», — афзуд мудири шӯъбаи ноҳия.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






