МОШИНДУЗД БА ДАСТ АФТОД

Август 19, 2010 13:55

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Шаҳрванд Шаҳринисо Бадалова ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар дод, ки 18 августи соли равон шахсони номаълум мошини ӯро дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назди бинои истиқоматии № 72 дуздида бурданд. Мошини дуздидашуда тамғаи хориҷии «Тойота-Кемри» буда, дар кӯча бе назорат гузошта шуда буд. Кормандони милиса дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таъҷилӣ шаҳрванд Анвари Азизмуродзодаро ҳамчун шахси гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карданд. А. Азизмуродзода 20 сола буда, дар ягон ҷой кор намекунад. Кормандони милиса акнун дафтари аъмоли ҷиноии ӯро тафтиш мекунанд.    

Август 19, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад