МУАРРИФИНОМАИ НАВИ ТОҶИКИСТОН АЗ ЧОП БАРОМАД

Август 19, 2010 11:21

Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мухбири суратгири нашрияи шаҳрии «Паёми Душанбе»  Неъматулло Алиев маҷмӯаи аксҳо зери унвони «Тоҷикистон» аз чоп баромад. Муқоваи онро харитаи сиёсии Тоҷикистон, нишон ва парчами миллӣ ва расми муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ оро додаст.     Инчунин, расмҳои шоҳаншоҳони ориёӣ-  Курӯши Кабир, Доро, Ҷамшед, Вахшунвард, Анӯшервони Одил, Исмоили Сомонӣ ва қаҳрамонони халқи тоҷик Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Темурмалик, Шерак, Восеъ ва қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратуллои Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода  ва Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шудаанд.  «Ҳадаф аз чопи маҷмӯаи аксҳо, ки дорои 20 расм мебошад,  муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик ва дастовардҳои беназири даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст», мегӯяд муаллифи он Неъматулло Алиев. Ҳамзамон, дар маҷмӯаи аксҳо сафарҳои расмию давлатии  Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ, ёдгориҳои таърихии Қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук,  Қӯрғонтеппа, мақбараи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент, оромгоҳи мутафаккири барҷаста Мирсайид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб,  муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Қӯрғонтеппа, Маркази фароғатии Хуррамшаҳр дар Данғара, осори бостонӣ, нақшу нигори миллӣ, манзараҳои дилфиреби табиати Тоҷикистон чун ганҷинаи бебаҳои тамаддуни тоҷикон ҷамъ оварда шудааст. Бояд зикр кард, ки чопи маҷмӯаи аксҳо дар муаррифии сарзамини Тоҷикистон ба меҳмонону хориҷиён нақши муассир мегузорад. Зеро дар муқоваи он маълумотномаи  мухтасар дар бораи Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ҷо дода шудааст.

Август 19, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад