МУФАТТИШОНИ ТОҶИК КУРСИ БОЗОМӮЗИРО ГУЗАШТАНД

Август 12, 2010 14:41

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Идоракунии иттилоот, ки зимни тафтиш ба даст омадааст» — чунин ном дошт семинар-тренинге, ки тайи ду ҳафта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Семинари мазкурро Сафоратхонаи ИМА дар Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил намуд. Дар барномаи омӯзишии навбатӣ 24 нафар корманди Вазорати Корҳои Дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии давлатии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва Прокуратураи генералӣ ширкат варзиданд.             Тӯли 15 рӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва прокуратура фаҳмиши худро баҳри таҳлили маълумоти зимни тафтиш ҳосилшуда барои дарёфт, гузаронидан ва аз байн бурдани терроризм беҳтар намуданд, — хабар доданд аз маркази матбуоти Сафоратхонаи ИМА дар ҶТ ба АМИТ «Ховар». Иштирокчиёни семинар як қатор мавзӯъҳои оид ба таҳлили маълумоти зимни тафтиш бадастомадаро омӯхта, дар бораи усулҳои нави  идоракунии раёсатҳои таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот ба даст оварданд. Онҳо ҳамчунин масъалаи таъмини раванди идоракунӣ ва кор бо маълумотҳои зимни тафтиш ҳосилшуда, ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ, паҳнкунии маълумотро омӯхтанд.  «Курси омӯзишии мазкур дар соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоб шашум ба шумор рафта, дар чаҳорчӯби Барномаи кӯмак дар мубориза ба муқобили терроризм ба ҳисоб рафта, сарпарасти он Бюрои минтақавии таъмини амнияти Сафоратхонаи ИМА мебошад. Аз соли 2002 инҷониб зиёда аз 400 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар семинар-тренингҳо иштирок кардаанд. Барои татбиқи Барномаи мазкур зиёда аз 6 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дарсҳои омӯзишӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Амрико гузаронида шудаанд»-қайд намуд манбаъ.

Август 12, 2010 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд