МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО ЮРИЙ ПОПОВ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 11 августи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Руссия Юрий Поповро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Тавре аз Раёсати иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҳ. Зарифӣ ва Ю. Попов як қатор мавзӯъҳои асосии муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Руссияро дар рӯҳияи ҳамкории стратегӣ баррасӣ намуданд. Диққати асосӣ ба масъалаҳои мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия ва мулоқоти чоргонаи навбатии президентҳои Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сочи баргузор мегардад, равона гашт. Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои байналмиллалӣ ва минтақавии барои ҷонибҳо манфиатбахш муҳокима гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






