МУЛОҚОТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ ҲАМЗАБОН
Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар Теҳрон мулоқоти Сарони се кишвари ҳамзабон — Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар мулоқот масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории се кишвари форсизабон дар бахши иқтисоду тиҷорат, энергетика, коммуникатсия ва амалӣ сохтани барномаҳои муҳими иқтисодию сармоягузорӣ, бахусус сохтмони роҳи оҳан, ки ин кишварҳоро бо Чин мепайвандад, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Инчунин, дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд. Бояд зикр кард, ки ин дуввумин нишасти Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар соли равон дар Теҳрон буда, он қадами устуворест дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди се кишвари ҳамзабон. Мавриди зикр аст, ки Сарони се кишвар моҳи марти соли равон дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Теҳрон ҷамъ омада буданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






