МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБАИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН, ЭРОН ВА АФҒОНИСТОН

Август 6, 2010 08:11

5 августи соли 2010 мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки бори 4 — ум баргузор гардид, дар шаҳри Теҳрон дар фазои созандаю рўҳафзо ҷараён гирифт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, саноат, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба дарёфти роҳу василаҳои татбиқи лоиҳаҳои стратегии муштарак оид ба сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои баландшиддати  интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ дорои аҳамияти бузург барои пешрафту тараққиёти ҳарсе кишвари дўсту ҳамфарҳанг буда, ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва оромию субот дар ин кишвари азияткашида мусоидати фаъол мекунад. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки барои густариши самтҳои афзали ҳамкории сеҷониба Шўрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шавад. Пешниҳод аз ҷониби сарони давлатҳои Эрону Афғонистон хуш пазируфта шуд. Барои густариши фазои ҷуғрофии робитаҳои ҳамлу нақл эҷоди механизми  панҷҷонибаи Эрон – Афғонистон — Тоҷикистон — Қирғизистон — Чин ва дигар кишварҳои манфиатдор матлуб дониста шуд. Роҳбарони ҳарсе давлат ҳавасмандии худро ба чораҷўӣ баҳри барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва боло бурдани нақши транзитии он дар минтақа таъкид намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба як қатор масоили дигари минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Мулоқоти сеҷониба нахуст бо иштироки ҳайатҳои расмӣ, сипас дар ҳайати хосаи сарони се давлат ҷараён гирифт. Дар охир аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии се кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Комиссияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид. Вазифаи асосии ин комиссия назорат аз болои рафти иҷрои қарорҳои қабулшудаи сеҷониба хоҳад буд. Аз ҷониби сарони се давлат Баёнияи муштарак ба имзо расид, ки дар натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи сатҳи олӣ ба таври муфассал инъикос ёфтанд. Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон  бо нишасти матбуотӣ анҷом ёфт. Зимни он ҳамкории сеҷонибаи се кишвари дўсту бародар – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дорои дурнамои фароху умедбахш арзёбӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «сулҳ, субот ва ҳамкории васеи минтақавӣ» — ро аз ҷумлаи «манофеи асосии муштараки се давлати дўсту бародар дар сатҳи минтақа» маънидод кард. Масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ҳамчунин зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии се кишвар баррасӣ шуд. Оид ба паҳлўҳои гуногуни ҳамкории энергетикии Тоҷикистону Эрон Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон  Муҳандис Номҷўй  гуфтугўйи судманд анҷом доданд. Шоми имрўз мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрону Афғонистон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманеӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 6, 2010 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд