НАМОИШГОҲИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ БАРОИ МАЪЮБОН
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 26 августи соли равон дар Корхонаи воҳиди давлатии заводи протезию ортопедии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Қаротегин 1, намоишгоҳи маҳсулоти протезию ортопедии корхона ва инчунин, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои маъюбон ва ашхоси ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта, баргузор мегардад. Гуфтанист, ки дар ин чорабинӣ воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои маъюбон, тарзи истифодаи онҳо ва дигар маҳсулоти протезию ортопедии заводи мазкур намоиш дода мешавад. Оғози намоишгоҳ соати 9:00 муайян шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






