ОМӮЗИШИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ЛАТВИЯ

Август 19, 2010 08:36

Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурӯҳе аз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва хадамоту идораҳои зертобеъи он бо мақсади иштирок дар курсҳои омӯзишӣ ба пойтахти Латвия шаҳри Рига мераванд. Тибқи иттилои сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Яҳё Ваҳҳобов, сафари омӯзишӣ  дар доираи татбиқи лоиҳаи  кӯмаки техникии барномаи дастгирии сиёсати секторӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ташкил карда шуда, он муддати як ҳафта,  аз 22 то 29 августи соли 2010 идома меёбад. Ҳадаф аз ташкили чунин курс омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ (меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат) дар яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо-Латвия мебошад, ки он метавонад дар таҳияи пешниҳодҳо доир ба такмили сиёсати  иҷтимоӣ  дар Тоҷикистон мусоидат намояд.       Ҳайатро дар сафар директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нурулло Маҳмадуллоев роҳбарӣ менамояд.          

Август 19, 2010 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд