ОЗАРБОЙҶОН БАРОИ ТОҶИКИСТОН АФСАРОНИ НИЗОМӢ ТАЙЁР МЕКУНАД

Август 3, 2010 11:14

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи тақвияти ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон як гурӯҳ курсантҳои литсейи  ҳарбии ба номи генерал Мастибек Тошмуҳаммадов ҷиҳати идомаи таҳсил ба Озарбойҷон сафар карданд. Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Маркази матбуоти  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Хусрав Аминов донишҷӯёни тоҷикро дар сафар ба Боку подполковник Баҳром Рустамов ҳамроҳӣ менамояд. Донишҷӯёни тоҷик муддати 5 сол дар литсейи ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев дар Боку ба таҳсил фаро гирифта шуда, баъди хатми он ҳамчун афсари артиши миллӣ  ба Тоҷикистон бармегарданд. Хусрав Аминов афзуд, ки тавофуқи таҳсили донишҷӯёни тоҷик  дар мактабҳои олии низомии Озарбойҷон зимни сафари вазири дифоъи ин кишвар Сафар Абиев дар соли 2009 ба Душанбе ба имзо расида буд.

Август 3, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад