ПОСУХИ АБДУРАҲИМ ХОЛИҚОВ БА СУОЛҲОИ «ОЗОДӢ»
Озодӣ: Қазияи ахиран ба сари ҲНИТ омада, яъне хондани намоз дар мақари ин ҳизб то куҷо бар хилофи қонун дар бораи дин аст? Абдураҳим Холиқов: -Мутобиқи қисми 3 моддаи 20 Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҷойҳое, ки дар онҳо тоату ибодат карда мешавад, аниқ ва равшан муайян шудаанд: «Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо, заминҳои ба онҳо мутааллиқ, зиёратгоҳҳо — вобаста ба хусусияти эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳои шаҳрвандон иҷро карда мешавад». Ҳадаф ва мақсади Қонун аз ин муқаррарот, қабл аз ҳама аз он иборат аст, ки тоату ибодати мардум мисли ҳар амали иҷозатдошта бояд дар мавқеъ ва макони муайян амалӣ шавад. Хар иҷозат мавқеъ ва макони худро дорад, ҳатто аз назари шариат низ, бинобар он берун аз макони иҷозатдодашуда иҷро кардани ин амал чӣ аз назари шариат ва чӣ аз назари қонуни давлат манъ аст. Ҳуқуқ ва озодӣ сарҳади худро дорад, ки он аз тартиботи умум, низому адл, ахлоқи ҷомеа ва манфиатҳои дигарон маншаъ мегирад. Қонун тоату ибодати шаҳрвандонро дар иттиҳодияҳои динӣ, дар заминҳои ба онҳо мутааллиқ, манзилҳо ва хонаҳои шахсӣ, (ки зиёда аз 1 миллион аст) дар 3 ҳазору 334 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 47 масљиди ҷомеи марказӣ иҷозат додааст. Зарурият пайдо шавад, дар доираи қонун боз садҳо масҷидҳои дигар ба қайд гирифта мешавад, марҳамат, пайравони ҳизб ҳамчун ҷузъи мусулмонони кишвар ҳамроҳи мардуми кишвар дар ҷойҳои муқарраршуда ибодат кунанд. Озодӣ: Яъне, хондани намоз дар бинои ҲНИТ ин риоя накардани талаботи қонун аст? Абдураҳим Холиқов: Бале, бо Қонуни зикргардида мухолифат дорад. Аз ҷониби дигар, дар як сохтор ё қароргоҳи ҳизб вуҷуд доштани як иттиҳодияи динӣ аз назари принсипи конститутсионии ҷудоии ташкилоти динӣ аз давлат низ мумкин нест. Ин масъала ҳатто аз назари имонӣ ва эътиқодӣ низ ба мақсад мувофиқ нест. Барои чӣ? Барои он ки ҳизби сиёсӣ бо ғаразҳо олуда буда, дин ҷанбаи илоҳӣ дорад. Ҳадафи асосии иттиҳодияи динӣ қонеъ гардонидани талаботи эътиқодии шаҳвандон аст, аммо ҳизб — мубориза бурдан барои ҳокимият. Агар мо тамйизи байни иттиҳодияи динӣ ва мақоми сиёсиро нагузорем, дар чунин сурат хело ҳам хатари ҷиддӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъи эътиқодии хеш тавлид мекунем. Озодӣ: Доир ба масъалаи он ки роҳбарияти ҲНИТ дар ақидаанд, ки Кумитаи навтаъсис ва раиси нав дар амали мазкур ба кори худнамоӣ машғул аст, чӣ мегўед? Абдураҳим Холиқов: — Агар як сиёсатмадор иқдоми Кумитаро дар масъалаи таъмини қонун худнамоӣ аз мансаб донад, албатта, аз назари ахлоқи сиёсӣ боиси таассуф аст, зеро таълимоту биниши ў яқин сари масъалаи ҳамин мансаб баста будааст. Ҳикмати халқ низ ҳаст, ки: «ҳар кас ба андозаи тафаккури… хеш андеша менамояд». Мо эҳтироми ҳаққи намозгузоронро тибқи қонун масъулем, чӣ наҳзатӣ ва чӣ ғайри онҳоро. Набояд масъаларо ба манфиати гурўҳе тобиши сиёсӣ дод. Аз барои инсоф, хатои бобоямонро накунем (ишора ба Бобои Одам, ки аз ҷониби Худованд ба ҳама чиз иҷозат шуд, магар ба хўрдани гандум…). Ҳикмати ҳамин ривояти қуръонӣ низому тартиб аст. Озодӣ: Арзишҳои исломӣ чӣ мешаванд, чун ормонҳои ин ҳизб таҳким ва ҳифзи арзишҳои ихлосӣ, аз қабили ибодат аст ва дар ислом ҳам гуфта шудааст ки ҳар ҷойе пок аст, хондани намоз раво аст. Агар қонун ба эътиқод арҷ гузорад? Абдураҳим Холиқов: — Ҳеҷ чиз намешавад. Чаро мо масъаларо аз назари маҳдуди манфиати гурўҳе ба муҳокима мекашем. Ҳазору чорсад соле, ки тоҷикон бори пуршарафи мўъмину мусулмониро бар дўш доштанд, арзишҳои исломиро кӣ дифоъ мекард? Магар Имоми Аъзам, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосими Самарқандӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва даҳҳо дигар абармардони майдони илми ниёгони мо, ки аъзои ҳизбе набудаанд, густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ нестанд? Дигар мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ?! Магар роҳбари давлат, ки ба раъйи мардуми Тоҷикистон имрўз кафилии фазои озоду сулҳи кишварро бар дўш доранд, густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ нестанд? Коре, ки Президент дар густариши арзишҳои дини мубини ислом карданд, на танҳо ҳизбиён, балки дар ҳазор соли ягон сарваре дар ин минтақа дар ҳаққи ислом накардааст. Аз ин хотир, муаррифӣ намудани ҳизбе ҳамчун густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ бар хилофи қонунияти ҳастии ҳизб, берун аз ақли сиёсӣ буда, баробар донистани он ба исломи миллӣ иштибохи қавии мантиқӣ ва шаръист. Тамоми мардуми Тоҷикистон 99 дарсад мусулмон аст. Лекин 99 дарсад аъзои ҲНИТ нест (хамагӣ 40 ҳазор) ва ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки бақия мардуме, ки аъзои ҲНИТ нест, мусулмон нест ва дархосту талаби онҳо мавриди эътибор набошад. Бубинед: аз назари шариат намоз низ вақти худро дорад, намешавад, ки кадом вақте хоҳем, ҳамон замон намоз хонем. Намешавад, ки ҷойнамозро дар роҳи мошингард партофта, роҳи мардумро манъ карда, намоз гузошт. Имрӯз тоату ибодат дар ҳама ҷо иҷозат аст гуфта, нақлиёти ҷамъиятиро боздорем, сарҳадро ҳифз накунем, заводу фабрикро боздорем, беморхонаю фурудгоҳро бандем, кӣ кор мекунад, бехатарии мову шуморо кӣ таъмин мекунад, беморони мову шуморо кӣ табобат мекунад? Масҷид дар ҳама ҷо иҷозат аст гуфта, ба дасти ҳизбҳои сиёсӣ масҷиду калисо, бутхонаю куништро дода, мардумро ба даврони фоҷиабори Аврупои асрҳои миёна баргардонем? Озодӣ: ҲНИТ ҳамчун ҳизби динӣ ба қайд гирифта шудааст, пас фаъолиятҳои онҳо мутобиқ ба Ойинномаи онҳост? Абдураҳим Холиқов: Ойинномаи ҳизб санади зерқонунӣ аст. Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қувваи ҳуқуқии қонун баландтар аз ойиннома аст, дар ҳолати мухолифат қонун амал мекунад. Дигар ин ки дар ойинномаи њизби онњо сухан дар бораи ибодат нест, тафовути арзиши умумиинсонии динї ва меъёри эътиќодиро фањм бояд кард. Вақте ҳизби сиёсӣ фаъолияте мисли иттиҳодияи динӣ дорад, дар он ҷо омехташавии эътиқод ба даъватҳои сиёсӣ ба назар мерасад, ки он бар хилофи Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», мухолифи Қонун «Дар бораи ҳизбҳо» ва Конститутсияи Тоҷикистон аст. На ҲХДТ, на ҲКТ, на ҲДТ ва на ҳизбҳои дигар тибқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ надоранд дар қароргоҳҳои худашон иттиҳодияи динӣ дошта бошанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ ҳам вақте бо мо сӯҳбат доштанд, возеҳу равшан гуфтанд, ки дар қароргоҳи ҳизби мо масҷид нест. Яъне, аллакай ин нишонаи он аст, ки раиси ҳизб мефаҳманд, ки мумкин нест дар қароргоҳи як ҳизби сиёсӣ иттиҳодияи динӣ таъсис дода шавад. Вале мушкилӣ сари он аст, ки ҳамон вазоифи иттиҳодияи диниро дар қароргоҳи ҳизб иҷро карда истодаанд. Яъне, андеша доранд бо нагирифтани номи масҷид фаъолияти ғайриқонунии худро рўпўш менамоянд. Ин тавр буда наметавонад. Озодӣ: Табиист, ки ҲНИТ ҳизби динӣ аст ва арзишҳои онҳо тоату ибодат аст, вале оё тасмими Шумо дар мавриди манъ кардани ибодат дар мақари ҳизб маҳдуд кардани арзишҳои ҳизбии онҳо нест? Абдураҳим Холиқов: Не, ягон хел арзишҳои диниро мо манъ накардаем, қонуни давлат шароит додааст, ки дар ҷойҳои муайяншуда ибодати худро ба ҷо оранд. Дар масофаи аз 50 то 70 метр онтарафтар аз маркази ҳизб чанд масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад. Ман намефаҳмам, чаро ҳизбиён аз номи мардуми мусулмон ҳарф мезананд, даъвои ҳимояи арзишҳои динии миллат мекунанду дар байни мардуми мусулмон рафта намоз намегузоранд?! Чаро шумо рўзноманигорон аз онҳо инро намепурсед? Магар чунин ҷудоиандозӣ аз нишонаҳои мўъмин аст? Бинобар он аз шумо, рўзноманигорон, хоҳиш мекунам, истилоҳотро дуруст истифода баред, ҳар нукта ҷойю ҳар сухан мақоми худро дорад. Хуқуқ ба ибодати аъзои ҲНИТ-ро ҳеҷ кас манъ накардааст. Аз онҳо хоҳиш мешавад, ки дар ҷойҳои қонун муайянкарда намоз хонанд. Дар масъалаи он, ки онҳо мегӯянд ҳамчун ҳизби динӣ аз арзишҳои динӣ пайравӣ мекунанд, марҳамат кардан гиранд, дар густариши арзишҳои динӣ саҳм гузоранд, вале на бо роҳи омехтакунии эътиқод ва сиёсат. Динро ба воситаи муборизаи сиёсӣ табдил надиҳанд, ислом неъмати ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст, на аз они гурўҳе. Озодӣ: Яъне, аъзои ҲНИТ ҳуқуқ надорад, ки ҳатто дар Маркази Фарҳангии дохилаш ҳам намоз гузоранд? Абдураҳим Холиқов: ҲНИТ дар қароргоҳаш ва дар маркази фарҳангиаш, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳизб аст, ба ибодати дастаҷамъӣ, тибқи қисми 3 моддаи 20, ҳақ надорад. Дастаҷамъона ташкил кардани намози ҷамоат дар қароргоҳи ҳар ҳизбе ба принсипҳои асосии Сарқонуни кишвар ва қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», аниқтараш ба моддаҳои 4, 13 ва 20 низ мухолифат мекунад. ҲНИТ метавонад Маркази Фарҳангиашро барои доир кардани конфронсҳо, симпозиумҳо, умуман корҳои ҳизбӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ истифода барад. Озодӣ: Ба ҳар сурат, ки ҳоло баҳси Шумо то анҷоми моҳи шарифи Рамазон мавқуф гузошта шудааст, тасмимҳои баъдӣ чӣ хоҳад шуд? Абдураҳим Холиқов: Мо аз доираи қонун баромада наметавонем. Мутобиқи қонун огоҳнома мефиристем ва баъд аз гузариши мўҳлати муайян, агар камбудӣ ислоҳ нашавад, тартиби судии ҳалли масъала пеш меояд. Маводро мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 20 Қонун ва моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳ пешниҳод мекунем… Сухани охиринро суд мегўяд. Озодӣ: Мавзӯи ибодат ҳасос аст ва фикр намекунед, ки ин тасмими Кумитаи дин ба эҳсосоти як қишри ҷомеа мерасад, ки дар пай авоқиби хуб нахоҳад дошт? Абдураҳим Холиқов: Касе ба масъалаи ҳассос будани озодии эътиқод ва ҳуқуқи ибодати шаҳрвандон шакку шубҳа надорад ва касе ҳақ надорад, ки аз ин ҳассосият низ сўистифода намояд. Худ қазоват кунед, дар чаҳор тарафи бинои ҲНИТ масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаина ҳаст. Чаро гурўҳе пайдо мешаваду мегўяд: «Не, ба ман ин ҷойҳо маъқул нест, дар ҷое, ки ба ман маъқул аст, дар ҳамон ҷо намоз мехонам» ва мову шумо иродаи ўро чун иродаи кулли мардум бояд муаррифӣ намоем? Меъёр на ибодатро, балки худсариро манъ кардааст ва Кумита онро татбиқ менамояд. Фикр мекунам давлат масъул аст, ки барои мардум иттиҳодияҳои динӣ кушояд ва ҳамзамон масъул аст, ки реҷаи кори заводу корхонаҳоро, ташкилоту муассисаҳоро ба низом дарорад. Вақте низому тартиб ҳаст, адлу инсоф ҷорӣ мешавад. Озодӣ: Аз назари талаботи ислом ва ҷомеа чӣ ? Абдураҳим Холиқов: Тибқи талаботи исломӣ низ, чи тавре ки қаблан гуфтем, намоз мавқеи муайянро металабад. Мақоми намози ҷамоат масҷид аст — гуфта шудааст дар даҳҳо ҳадисҳои саҳеҳ. Умуман минбари Худоро барои дигар амалҳо истифода бурдан, ба қавли бузургон, хуб нест. Ғаззолӣ ҳадисеро аз Расули акрам овардааст: «..замоне фаро мерасад, ки иддае аз минбарҳо мардумро ба сўи Худо даъват мекунанд, эҳтиёт кунед, онҳо на ба сўи Худо, балки ба сўи хеш мехонанд». Масҷид макони покиза, мавқеест, ки инсонҳо бо Худованд бояд роз гўянд, на макони мардумро барои мубориза ва қонеъ кардани талаботи як гурўҳе сафарбар кардан. Покиза будан ин танҳо покизагӣ аз ифлосиҳо не, балки покизагӣ аз ғаразҳо ва манфиатҳои дигар низ мебошад. Дигар ин ки барои он ки мардум озодона зиндагӣ кунанд, талаботи худро қонеъ намоянд, шаҳрвандон бояд ки кор кунанд, вазифаҳои худро иҷро намоянд. Аз назари ислом низ талаби ризқи ҳалол ибодат аст ва дар ҳамон хонаи Худо низ афсарон дар вақти намоз дар хидматанд. Озодӣ: Ба ҳар сурат баҳс ва ё гуфтугузорҳо сари намозу рӯза ва имону эътиқод ҳамеша дар муқобили миллат ва ё як қишри аъзами ҷомеа қарор гирифтан аст. Яъне, ба имон ё эътиқоди миллат даст задан, ҳамон туре ки Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки фишор болои ҲНИТ, фишор болои миллат аст? Абдураҳим Холиқов: «Ҳеҷ бардорандае бори дигареро набардорад» — мегўяд Каломи раббонӣ. На Кабирӣ ва на каси дигар ҳақ надорад, як ҳизбро бо миллат омехта кунад. Аъзои ҳизби наҳзат як ҷузъи миллати тоҷик аст, вале ҳеҷ гоҳ ягон ҳизб ҳуқуқи аз номи миллат ҳарф заданро надорад. Ҳуқуқи аз номи миллат ва халқи Тоҷикистон ҳарф заданро Конститутсияи кишвар ба Президент ва Маҷлиси Олӣ додааст. Хоҳиш мекунам, ба ҳаққи халқ ва миллат худсарона даст назанем. Камбудию қонунвайронкунии худро бо ҳассосияти динӣ вобаста накунанд. Холиќов агар қонунро вайрон кунад, ин маънии онро надорад, ки миллати тоҷик қонуншикан аст. Ҳар ҳодисаи иҷтимоӣ марзи худро дорад. Озодӣ: Гуфта мешавад қонуне, ки ҳоло Кумитаи дин иҷрои онро аз ҲНИТ талаб мекунад, дар вақташ «ҳадафмандона» тарҳрезӣ шуд ва имрӯз он ҳадафҳо ҳукми амалро гирифтанд? Абдураҳим Холиқов: Мебахшед, нишонаи демократия бо аксарияти овоз қабул кардани санад аст. Нуқсон дар қонун нест, балки дар мо шаҳрвандон аст, ки онро ба манфиати худ шарҳ доданӣ мешавем. Конун аниқ ва равшан меъёрро навиштааст, онро бояд риоя кард, на мавриди баҳс қарор дод. Истисно аз меъёр низ ба истиснои қонун бурда мерасонад, маънии соддакардашудаи он бетартибӣ ва анархия аст. Озодӣ! Қонун догма нест. Имрӯз, ки бардоштҳо аз қонун гуногун аст, пас зарурати дубора такмил кардани он аст. Шояд ин ташаббусро Шумо ба роҳ монед? Абдураҳим Холиқов: Дуруст аст, ки қонун догма нест, вале ин маънои онро надорад, ки ҳар касе ба таври фаҳмиши худ онро муҳокима кунад. Тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба субъектони махсус дода шудааст. Ин ҳуқуқро тибқи талаботи моддаи мазкур ман надорам, вале мўҳтарам Кабирӣ М. ҳамчун вакил доро мебошад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ норасоии аслии қонунро ба пуррагӣ дарк кардан аст. Ин танҳо ҳаққи пешниҳоди назар аст, масъала расмиёти ҳуқуқиро мегузарад, ҳамаҷониба таҳлил мешавад, агар аксарияти вакилон дастгирӣ кунанд, сипас зинаҳои дигари қонунгузориро мегузарад. Қонунҳо бо тағйирёбии арзишҳо ва гузашти солҳо такмил меёбанд. Аммо, ҳоло муҳим риоя кардани қонун аст. Озодӣ: Коршиносон бар ин назаранд, ки манъ кардани хондани намоз дар мақари ҲНИТ аз тарафи Кумитаи дин идомаи инзивоҳо нисбат ба ҲНИТ дар пайи интихоботи парлумонӣ аст, ки ҳизб давлатро ба чолиш кашид? Абдураҳим Холиқов: — Мебахшед, ҲНИТ ҳамон миқдор раъйе гирифт, ки ҳамагон медонанд ва он расман эълон шуд. Яъне беш аз 8 дарсад. Ин раъйе нест ки аз пирӯзии ҳизбе дар давлати демократӣ дарак диҳад. Умуман, камбудии худро бо муваффақиятҳо рўпуш намудан пешаи оқилон нест.